31 миллион евро гранти Олмон барои Тоҷикистон
Ҳукумати Олмон барои Тоҷикистон 31 миллиону 100 ҳазор евро кӯмаки молиявии бебозгашт медиҳад. Ин маблағро Олмон дар доираи ду грант, ки яке, 16,5 миллион ва дигари 14,6 миллион евроро ташкил медиҳад, барои Тоҷикистон ихтисос додааст.
Гранти нахуст қарор аст барои рушди кишоварзӣ ва боқимонда барои мубориза бо бемории сил ва барқарор сохтани инфрасохтори коммуналӣ, масраф шавад. Аммо гранти дуввуми барои беҳтар кардани амнияти озуқавории модару кӯдакон, ба нақшагирии оила ва саломатии модару кӯдак, масраф мешавад. Мусоидат ба рушди маҳалҳои баландкӯҳ низ яке аз ҳадафҳои ин грант будааст.
Ҳукумати Тоҷикистон бо судури як қарор матни созишномаро миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон тасвиб кардааст, ки матни онро Вазорати адлия рӯзи 24-уми октябр ба нашр расонд. Кӯмакҳои давлати Олмон дар чорчӯби ҳамкориҳои молӣ ва фаннӣ ба Тоҷикистон то кунун ҳудуди 120 миллион евроро ташкил додааст.
Олмон аз нахустин кишварҳои Аврупоист, ки истиқлоли Тоҷикистонро эътироф карда, робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву тиҷоратӣ оғоз кардааст. Омори расмӣ ҳокист, ки ҳаҷми тиҷорат байни Тоҷикистон ва Олмон дар соли гузашта бабеш аз 30 милллион доллар расидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ