317 чашм
Дар шаҳри Душанбе шуруъ аз 20-уми июн 317 радарҳои худкор ва дурбинҳои назоратӣ ба кор шуруъ карданд, ки қоидавайронкуниро аз ҷониби ронандагон сабт мекунанд.
Ҳадаф — таъмини бехатарӣ
Лоиҳа дар асоси Созишномаи сармоягузории консорсиуми сармоягузорон амалӣ шуда, сохтори ваколатдори он Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» мебошад.
Ҳадафи ҷорӣ кардани системаи автоматикунонидашудаи сабти қонуншикании роҳ таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва назорати риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар шаҳри Душанбе гуфта мешавад.
Феълан камераҳо ва радарҳо ба таври автоматӣ нақзи қоидаи ҳаракат дар роҳ, аз қабили баландшавии суръат, гузаштан аз чароғаки сурх, баромадан ба хати муқобил, риоя накардани талаботи аломатҳо ва хатҳои роҳ ва ғайраро аксбардорӣ намуда, рақами давлатии воситаи нақлиётро сабт мекунанд ва ин маълумотро ба Раёсати БДА ВКД ҶТ мефиристанд.
Баъдан, нозири БДА ҳар як ҳолатро месанҷад ва танҳо пас аз тасдиқи қонуншиканӣ ҷарима таъин мекунад.
Ронанда чӣ тавр аз ҷарима огоҳ мешавад?
Ронандагон барои санҷидани ҷарима бояд аввал худро дар портали системаи мазкур (neru.dc.tj) сабти ном кунанд.
Барои сабти ном маълумоти зерин лозим аст:
— насаб, ном, номи падари ронанда;
— РМА;
— акси шиноснома;
— рақами бақайдгирии давлатии воситаи нақлиёт;
— рақами шиносномаи техникии воситаҳои нақлиёт;
— акси паҳлуҳои пеш ва пушти шиносномаи техникӣ;
— рақами телефон ва рамз барои ворид шудан.
Пас аз ворид шудан ба система барои ҳар ронанда ҳисоби шахсӣ таъсис дода мешавад, ки дар он ронанда пас аз ворид кардани логин ва рамзи худ метавонад бо маводҳо шинос шавад. Аз ҷумла бо сана ва намуди ҳуқуқвайронкунӣ, аксҳо ва навори вайрон кардани қоидаҳо ва ғайра.
Қоидавайронкунӣ ва ҷарима
Системаи нав 5 намуди қонуншиканиҳои Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро сабт мекунад. Аз ҷумла:
— Баланд кардани суръати муқарраршудаи ҳаракат;
(Ҷарима аз 72 то 216 сомонӣ)
— Итоат накардан ба огоҳиҳои (сигналҳои) чароғак;
(Ҷарима аз 216 то 360 сомонӣ)
— Баромадан ба хати муқобили ҳаракат дар роҳ;
(Ҷарима аз 360 то 504 сомонӣ)
— Риоя накардани талаботи аломатҳои роҳ;
(Ҷарима аз 72 сомонӣ)
— Риоя накардани талаботи хатбандии роҳ.
(Ҷарима аз 72 сомонӣ)
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, феълан дар 135 нуқтаи кӯчаву чорроҳаҳои шаҳри Душанбе 317 дурбини автоматии назоратӣ насб шудааст.
Суман УБАЙДУЛЛОЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ