Теша бар реша
фиғони дарахтону ашки боғбон
Он чиро, ки бо чашми хеш рӯзҳои 4 – уму 5 – уми июн назди биноҳои панҷошёнаву нуҳошёнаи кӯчаи Ҳисори пойтахт мушоҳида намудем, аз ободонӣ дида, ба ваҳшоният наздиктар буд.
Булдозер даруни дарахтҳо даромада қисми зиёдашонро решакан, дигарҳояшро зери по кардан гирифт. Ғиреви онҳое, ки ин дарахтонро бо дастони худ шинонда, солҳо мисли фарзандонашон парваридаанд, ба осмон дакка хӯрд. Хайрият, ба зудӣ кадоме аз чархҳои булдозер аз кор баромад ва «десанти» омада, чуноне ки ногаҳон пайдо шуд, ҳамон тавр ғайб зад. «Пагоҳ мебиёем!» — ваъда карданд омадагон.
Рӯзи дигар наздикиҳои нисфирӯзӣ ғулғулаи булдозери нав шаҳракро аз нав такон дод. Ин дафъа «десантчиҳо» тайёрии ҳаматарафа дида буданд. Бо ҳамроҳии сардори Муассисаи давлатии идоракунӣ ва хизматрасонии фонди манзил, сармуҳандис ва як корманди дигари ин идора, намояндаи ҳукумат ва капитани милисаи дар ҳолати омодабош қарор дошта омаданд. Булдозери имрӯза аз дирӯза ду баробар калонтар буд. Бо амри касе (албатта, амри «боло») ин дафъа боғчаи назарногири дар миёна ҷойдошта, ки дар паҳлӯяш барои гузаштани нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ роҳи калоне дошт, «бе эълони ҷанг» мавриди ҳуҷум қарор гирифт. Натанҳо дари оҳанину симҳои гирду атроф, балки тамоми долу дарахти мевадору бемева – беш аз 30 бех дарахтони зардолуву олуча, току гелос ба куллӣ решакану ба хок яксон гардиданд. Кати оҳаниеро, ки сиву се сол боз ҳамсояҳо пас аз кор рӯйи он дам мегирифтанду соҳибаш 200 доллар сарф карда, онро сохта буд, зери теғи булдозер маҷақ гардида, аз дур ба курсичае монанд шуда буд. Соҳиби ин боғча (кӯчаи Ҳисор, хонаи 29/3), ки тӯли ин солҳо ба он дилбастагӣ дошту ҳар як ниҳоли онро чун фарзанд ба воя расондааст, ин ваҳшонияти чашмнодиду гӯшношунидро дида, рафта суратгиракро гирифта овард ва хост ин ҷинояти рӯйиростро барои таърих ба ёдгор монад. Вале капитани милисаи ҳозиру нозир якбора ба ҳуҷум гузашта: «Сурат нагир, мумкин нест!» — гӯён фарёду фиғон бардошта, аз ду дасти суратгир телакунон сӯйи бино бурд. «Ман ҳозир туро отдел мебарам, ту ҳамон нестӣ, ки …»
Соҳиби боғча ҳам паст намеомад: — Охир, ин ҷо «объекти» Мудофиаи зиддиҳавоии ҳарбии (ПВО – и) Тоҷикистон нест, ки суратгирӣ манъ бошад! Як боғчаи муқаррарист, ки дарахтҳояшро ғайриқонунӣ решакан карда истодаед…».
Булдозери калонҳаҷму гаронвазнро низ аз ким – куҷо ба иҷора гирифта оварда буданд, зеро Муассисаи давлатии фонди манзили минтақаи 101 – ум дорои чунин техникаи муқтадир нест.
-Пас аз кишварро тарк кардани шаҳрвандони ғайритоҷик (асосан русзабонҳо), муддате нагузашта холигиро деҳотиёни маҳаллии тоҷик ишғол намуданд. Аммо усули дар тамоми шаҳрҳои ҷаҳон маъмули «урбанизатсия» — зери таъсири маданияти шаҳрӣ тағйир ёфтани тарзи зиндагии рустоӣ, дар шароити Тоҷикистон шакли баръакси онро гирифт. Имрӯз ҳам қишлоқ пайваста «ба ҳуҷум» гузашта, тарзи зиндагӣ, афкору рафторашро дар ҳудуди шаҳр устувор намуда ва тадриҷан анъанаву маданияти шаҳриро танг мекунад,- гуфт нафаре аз зарардидагони ин амалиёт , ки аз муаррифии номаш худдорӣ кард.
Ҳар сол гирди ин боғчаҳои дар бало мондаро «тоза» мекунанду мардум барои аз марги яқин наҷот додани дарахтон, ҳифзи саломатии хешу пайвандонаш, ки дарахтзор яке аз омилҳои муҳими он маҳсуб меёбад, илоҷе карда, гирдашонро бо чизе мепечонанд. Вале ин дафъа ба қавле «маззаро аз қайла» гузаронданд.
Бо рафтани капитан амалиёт ба анҷом нарасид. Акнун ҷойи ӯро «намояндаи ҳукумат» — як ҷавони қоматбаланд гирифт. Инаш ба ҳар ҳол аз кӯчаи одамгарӣ гузашта метофт, ки ҳар замон пеши объективи суратгиракро панаҳ карда, нидо мекард: «Илтимос, сурат нагиред, даркор нест! Гапу калоча зиёд мешавад!» Ба ҳамаи ин пофишориҳо нигоҳ накарда, журналисти варзидаву корозмуда тавонист ҳамаи ин беадолатиҳоро ба навор гирад.
Дар як мижжа задан дари оҳании боғ, хавозаҳои оҳании токҳо, симу арматура ва чӯбу тахта ба мошинҳо бор ва бе пурсу пос ба яғмо рафт. Оқибат ҳамаи шӯру валвала анҷом ёфт. Мардум биёбони урёни аз дарахтону гиёҳҳо топ – тоза кардаро нигоҳкунон, онҳоеро, ки чунин амали нораворо нисбати табиату ҷамъият муносиб дидаанд, дуои бадкунон ба хонаҳояшон раҳсипор гаштанд. Сардори Муассисаи давлатии идоракунӣ ва хизматрасонии фонди манзил Беҳбудов Хайрулло Бердиевич, сармуҳандиси ва як корманди дигари ин идора, намояндаи ҳукумат аз кори кардаашон розӣ, бардам – бардам қадамзанон сӯйи идораҳояшон роҳ пеш гирифтанд. Як чиз ногуфта намонад, ки ҳашт – даҳ сол қабл паҳлӯи ҳамин боғчаи ба майдони ҳавоӣ табдил ёфта ва хонаи чаҳорошёнаи 32/2 – и кӯчаи Ҳисор наздики 15 дарахтони сафедор (ар – ар) ва 6 – 7 дарахти чинори даҳ – бистсола қад кашида буданд. Маҳз ҳамин калонҳои ЖЭУ – и ҳамон солҳо сабаб гардиданд, ки ҳамаи ин неъматҳои бузурги табиатро аз бех арра карда, ба тарафи номаълум бурданд. Саҳариҳо мардум шоҳиди ҳол буданд, ки тороҷгарони моликияти ҷамъият ҷойи буридаи дарахтонро бо хасу хок рӯйпуш намуда, ҷинояташонро пинҳон сохтанӣ мешуданд.
Мақсади ботафсил ба қалам додани ин ҳодисаро барои он зарур шумурдем, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли солҳои зиёд борҳо ба мардуми кишвар муроҷиат намудааст, ки ҳар як сокини бошуури ҷомеа дар ҷойи зисташ аққалан соле якто ниҳолеро шинонда, ба воя расонад, то кӯчаву хиёбонҳо ва шаҳракҳо ба мавзеи кабудизору ҷойи истироҳати мардум табдил ёбанд. Дар «Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва ҳолати санитарӣ дар шаҳри Душанбе», ки Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе соли 2008 таҳти рақами 150 – ум қабул карда, муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев имзо гузоштааст, низ дар қисмати муҳити зист таъкид гаштааст, ки «шикастан ва буридани дарахтону буттаҳо, кандану арра кардани шохаҳо, гулҳо, кандани навиштаҷот рӯйи дарахтон, мех кӯфтан, бо сими либосхушккунӣ печондани дарахтон» инчунин «аз як ҷо ба ҷойи дигар кӯчондани дарахтон ва буттаҳо (новобаста аз он, ки хушканд, бемор ё анбуҳ шинонда шудаанд), бе иҷозати Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва розигии сохторҳое, ки дарахтзорҳо дар мувозинаи бевоситаи онҳо қарор доранд, манъ аст» ва барои ҳар як амал ҷаримаи мушаххас ҳам муқаррар гардидааст.
Илм исбот кардааст, ки як дарахти солим соле то чаҳор тонна маводи оксигени барои нафаскашии инсон заруриро хориҷ карда, чангу хок, садои баланд, дуду гази карбони қотили саломатии инсонро фурӯ мебарад. Наход, онҳое, ки ақли солим доранд, теша бар решаи хеш мезананд? Солҳост, ки дар аввалҳои фасли баҳор дар сартосари кишвар ниҳолшинонӣ чунон авҷ мегирад ва кас гумон мебарад агар ҳамаи ин ниҳолҳо сабз шаванд, дар Тоҷикистон дигар чашми кас офтобро ба чашм намебинад, вале афсўс, аз 100 нињол 20 –тояш ҳам сабз намешавад. Дар чилаи тобистон аз беобӣ хушк мешаванд ва ё онҳоро сангдилоне мешикананд. Чанд рўз пеш адибе ба идораи ҳафтанома омада гуфт, ки дар бисёр маҳаллаҳо ниҳолҳо аз нарасидани об рў ба хушкшавӣ нињодаанду булдозерҳо дарахтони сабзро нест мекунанд.
-Навис,- гуфтем!
-Худатон,-. нависед гуфт Муродалии Собир…
Ва мо ҳам навиштем, он чиро, ки дидем…
Муҳаммади Султон,
рўзноманигор
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ