34 нафар дар 6 моҳ. Ғарқшавии бесобиқаи сокинон дар Хатлон
Дар шаш моҳи соли 2022 дар ҳудуди вилояти Хатлон 34 нафар ғарқ шудаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли гузашта шумораи ғарқшудагон 16 нафарро ташкил медод.
Маҳмадзода Ҷамшед, сардори Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфт, ки сабаби асосии ғарқшавии сокинон — ин гармии бесобиқа ва набудани ҷойҳои махсус барои оббозӣ аст. Ӯ мегӯяд, ки ғарқшавии сокинон аз бемасъулиятии падару модарон, дар ҳолати мастӣ оббозӣ кардан ва моҳидорӣ дар ҷойҳои хавфнок аст.
— Дар шаш моҳи соли 2021 дар маҷмуъ 16 кас ғарқ шудааст. Давоми соли равон, мутаассифона, аллакай 34 шаҳрванд ғарқ шудааст. Аз шумораи умумии ғарқшудаҳо мутаассифона, ҳанӯз ҷасади чор нафари онҳо ёфт нашудааст. Саидшо Ғафуров — сокини ноҳияи Кӯшониён дар дарёи Вахш ғарқ шудааст ва як моҳ мешавад ҷасадаш ёфт нашудааст. Як сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, як сокини ноҳияи Панҷ ва сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баъди ғарқ шудан ҷасадашон ҳанӯз ёфт нашудааст,- афзуд вай.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ