Духтарбизнес ба даст афтод

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як зани 58-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони ташкили фоҳишахона хабар дод. Ин зан, ба гуфтаи мақомот, манзилашро барои чанд соат барои алоқаи ҷинсии як ҷуфт иҷора дода, аз онҳо 150 сомонӣ «мукофотпулӣ” гирифтааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ошкор шудани боз як фоҳишахона дар шаҳри Душанбе хабар дод. Бино ба ин манбаъ, як зани 58-солаи сокини пойтахт рӯзи 7 июл хонаеро, ки худаш иҷора гирифта буд, «ба шаҳрвандон: марди 31-сола ва зани 34-солаи сокинони шаҳри Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ супорида, шароит фароҳам намуда, аз онҳо 150-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Ин зан, ки номаш гуфт нашудааст, ҳоло ба ташкил ё нигоҳ доштани фоҳишахона айбдор мешавад ва таҳқиқи қазияаш идома дорад. Ба ӯ бар асоси моддаи 239-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҳамчун муҷозот ҷарима ба маблағи аз 50 ҳазор то 100 ҳазор сомонӣ ваё то 5 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Вазорати дохила мегӯяд, ки ин зани боздоштшуда қаблан низ бар асоси ҳамин моддаи 239, яъне барои ташкил ё нигоҳ доштани фоҳишахона ва даллагӣ маҳкум шуда буд.

Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи239. Ташкилёнигаҳдоштифоҳишахонаҳо,даллагӣёзанҷаллобӣ

Ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона, ҳамчунин даллагӣ бо ғарази шахсӣ ё занҷаллобӣ,

‐ бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *