Рогун

35 миллиард сомонӣ ба “Роғун”. Гузориш аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

Аз оғози корҳои сохтмонӣ дар НБО-и «Роғун» 15 сол пур мешавад. Бо ибтикори Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон корҳо дар ин нерӯгоҳи азим пурра оғоз ёфтанд. То ин муддат 2 агрегат, яке соли 2016 (шашум) ва дигаре соли 2019 (панҷум) ба истифода дода шуда, иқтидори ҳар яки онҳо 3600 мегаватро ташкил медиҳад. Ҳоло ҳудуди 15 000 нафар дар ин иншооти энергетикӣ ба таври шабонарӯзӣ фаъолият доранд. Зимни як боздид ва суҳбат бо мутахассисон дар худи нерӯгоҳ, ки он дар Тоҷикистон ҳаёту мамот ном бурда мешавад, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ошно шудем.

Бузургтарин иншоот дар минтақа

Бори дуюм аст, ки бароям шиносоӣ аз фаъолияти нерӯгоҳ ва суҳбат бо муҳандисону сохтмончиён муяссар мешавад. Дар қаъри замин бунёд ёфтани нерӯгоҳ ба назар афсона менамояд. Аммо вақте кас бо чашм мебинад, ин воқеият аст. Маротибаи якум, соли 2018, пеш аз ба истифода додани агрегати дуюм ба ин иншооти бузургтарин дар минтақа — НБО-и “Роғун” омада будам. Вале ин навбат, комилан таассурот дигар аст. Техникаҳои зиёд дар равуо ва дар ҳар қитъа муҳандисону сохтмончиён банди кори худ ҳастанд. Бо ҳайати устодону олимони соҳаи муҳандисӣ ва энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ таҳти роҳбарии ректори ин муассисаи олӣ Қудрат Давлатзода, мо бо рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ, васлу насби қисмҳои электрикии нерӯгоҳ шинос шудем. Аз наздик ошно шудан бо системаи назорат ва идораи агрегатҳо, қисмати тақсимотии шиддати баланд, қадам задан дар маркази ядро, дарғот (платина) ва боз дигар нуқтаҳое, ки дар оянда зери об мемонанд, хеле хотирмон буд.

Харҷи беш аз 35 миллиард сомонӣ

Ҳайати моро Қурбонназар Давронов, муовини директори ҶСК НБО-и “Роғун” роҳбалад буд ва дар ҳар қитъаи нерӯгоҳ истода, нозукии кор дар онҳоро шарҳ медод. Ӯ изҳор дошт, ки аз оғози фаъолияти ду агрегати аввали нерӯгоҳ, ки бо фишори пасти обанбори тозабунёд кор мекунанд, зиёда аз 6,4 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол шуда, ба низоми ягонаи энергетикии мамлакат интиқол дода шудааст. Барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмону васлгарии нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» давоми солҳои 2008-2022 беш аз 35 миллиард сомонӣ  равона карда шудааст.

Тавре маълумот гирифтем, соли 2022 барои идомаи сохтмони нерӯгоҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ 2,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардида буд. Аммо Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ҷалби маблағҳои иловагӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, бо ин мақсад, дар маҷмуъ, 4 миллиард сомонӣ равона намудааст.

Аз оғози соли ҷорӣ барои пардохти корҳои сохтмону васлгарӣ дар иншоот, корҳои лоиҳакашиву таҳқиқотӣ, хариди таҷҳизот, молу масолеҳи сохтмон ва хизматрасониҳо аз ҳисоби буҷет 2,6 миллиард сомонӣ, аз ҳисоби фурӯши барқи истеҳсолкардаи нерӯгоҳи «Роғун» 427 миллион сомонӣ ва дар умум зиёда аз 3 миллиард сомонӣ  харҷ шудааст.

Ҳангоми ба минтақаҳои сохтмон роҳнамоӣ кардан, Қурбонназар Давронов гуфт, ки «корҳои сохтмонии нерӯгоҳ ба лотҳои алоҳида тақсим шудаанд. Онҳо бо ҳамдигар вобастагӣ доранд. Қафомонӣ дар яке аз онҳо боиси қафомонии корҳо дар дигар самтҳо мегардад».

Бино ба гуфти ӯ, дар бунёди сарбанд, ки яке аз иншооти муҳими нерӯгоҳ мебошад, то имрӯз аз ҷониби Ширкати «Вибилд»-и Итолиё аз 80 миллион метри мукааби пешбинишуда дар қисматҳои болову поёни сарбанди асосӣ 19 миллион метри мукааб сангу шағал рехта, тахту ҳамвор карда шудааст.

Ядрои сарбанд

Дидани минтақаи ядрои сарбанд низ хеле ҷолиб буд. Зеро он қисми муҳими нерӯгоҳ низ маҳсуб меёбад. Дар суҳбат бо масъулин маълум шуд, ки дар ин минтақа тоза ва мустаҳкамсозиву бехатаргардонии соҳилҳои чапу рости паҳлуи куҳҳо иҷро гардид. Корҳои заминӣ дар ҳаҷми беш аз 2,7 миллион метри мукааб ба анҷом расидаанд. Инчунин, то имрӯз ба таҳкурсии ядрои сарбанд аз 268 ҳазор метри мукааби пешбинишуда 240 ҳазор метри мукааб бетони пуркунанда ва шиббашаванда рехта шудааст. Ҳамзамон, дар таҳкурсии ядрои сарбанд барои корҳои сементатсияи мустаҳкамкунанда аз 3014 чоҳи пешбинишуда 2615 чоҳ пармакорӣ ва сементатсия гардидааст. Ҳоло корҳои бетони шиббашаванда ва сементатсияи мустаҳкамкунандаи таҳкурсии ядрои сарбанд босуръат идома доранд. Талош ҳам ҷиҳати дар муҳлати муайянгардида то сатҳи 1110 метр баланд бардоштани сарбанд аст.  Барои иншооти нерӯгоҳ низ маводу масолеҳи аълосифати муосир ва таҷҳизоти ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ истифода мешавад.

Филиали кафедраҳои донишгоҳ дар нерӯгоҳ

Тавре маълум шуд, дар НБО-и «Роғун» филиалҳои кафедраҳои тахассусии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон низ таъсис ёфтаанд.

Филиали кафедраҳои нерӯгоҳҳои электрикӣ, иншооти гидротехникӣ ва зеризаминӣ, автоматикунонии равандҳои технологӣ дар истеҳсолот ва истифодабарии нақлиёти автомобилии ин донишгоҳ барои таҷрибаомӯзӣ ва гузаронидани дарсҳои амалӣ ҷиҳати омода намудани мутахассиони касбӣ хеле муҳим аст.

Рамазон Абдуллозода, муовини ректор оид ба илми донишгоҳи мазкур дар суҳбат гуфт, ки таъсиси филиали кафедраҳо бо мақсади ба роҳ мондани таҳсилоти дуалӣ низ мебошад. «Дар ин замина кормандону муҳандисони НБО-и «Роғун» бо истифода аз иқтидори кадрии донишгоҳ ба машғулияти такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд. Донишҷӯёни ихтисосҳои энергетика, сохтмон, нақлиёт ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар ин иншооти стратегӣ таҷриба меомӯзанд»,- изҳор дошт Абдуллозода.

Ба таъкиди ӯ, ҳоло филиали кафедраҳои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи энергетика, ҶСК «Азот» ва НБО-и «Варзоб» низ фаъолият менамоянд.

Диловар Олмонро гузошту ба Роғун омад

Диловар Давронов ҷавонест, ки се сол инҷониб дар НБО-и “Роғун” ба сифати ҳамоҳангсози мониторинг кор мекунад. Дар ин боздид суҳбати мо бо ӯ дар назди агрегати 4-уми нерӯгоҳ сурат гирифт. Ба гуфтаи ӯ, он мувофиқи нақша соли 2025 мавриди истифода қарор мегирад. Диловар Давронов дар ибтидо яке донишгоҳҳои олии Олмонро бо ихтисоси меъмории ландшафтӣ хатм кардааст. Сипас, маълумоти дуюми олиро дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, факултети сохмон ва меъморӣ гирифтааст. Ӯ дар суҳбат бо мо гуфт, ки шароити кор дар нерӯгоҳ хуб аст. “Кор дар ду баст аст: қисмати рӯзона ва шабона. Дар ҳар баст кормандон тақсим шудаанд. Ман ҳамагӣ 15 рӯз кор мекунам ва маоши арзанда мегирам. Воқеан, инҷо корзори нангу номус аст. Ҳама бо шавқ ва муҳаббат кор мекунанд. Ман низ ба ҳамин ният инҷо ба кор омадам, то саҳми худро барои энергетикаи кишварам гузорам”,- изҳор дошт номбурда.

Умуман, аз чеҳраи тамоми сохтмончиёну муҳандисони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аён буд, ки ҳама бо дили гарм ва азми қавӣ кор мекунанд. Зеро “Роғун” ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст. Ба андешаи таҳлилгарон, пас аз истифодаи пурраи «Роғун» на танҳо эҳтиёҷоти энергетикии Тоҷикистон бароварда мешавад, балки содироти нерӯи барқи арзон ба кишварҳои ҳамсоя низ бештар мегардад.

Усмон РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *