350-доллар гирифту дипломи қалбакӣ дод
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 60-солаи сокини шаҳри Турсунзода ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти сохтакорӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, соли 2015 аз зани 36-солаи сокини шаҳри мазкур, ки омӯзгори яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад, 350 доллари амрикоӣ гирифта, бо роҳи сохтакорӣ ба ӯ дипломи яке аз донишгоҳҳои олии Тоҷикистонро тайёр карда додааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ