Файзиддин Қаҳҳорзода

3,6 миллиард қарзи давлатӣ ва 3,2 миллиард доллар қарзи берунаи Тоҷикистон

Қарзи давлатии Тоҷикистон ба 3,6 миллиард доллар ва қарзи беруна ба 3,2 миллиард доллар баробар шудааст.

Дар ин бора Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон имрӯз, 15-уми август зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Файзиддин Қаҳҳорзода гуфт, ки дар пардохти қарз ва иҷрои уҳдадорӣ Тоҷикистон ягон мушкил надорад.

«Қарзи мо аз хавф берун аст. Дар доираи стратегияи иқтисодии Тоҷикистон ин миқдор қарз аз созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ гирифта шудаанд»,- гуфт вазир.

Гуфта мешавад, ки Тоҷикистон аз 0,45 фоиз то 1,5 фоиз барои қарзи гирифтааш пардохт мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *