3677 соҳибкор фаъолияташонро қатъ намудаанд. Сабаб чист?

Дар нишасти матбуотии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ аз теъдод ва сабабҳои қатъ гаштани фаъолияти соҳибкорӣ хабар доданд.

Қодирзода Саъдӣ — раиси ин ниҳод гуфт, ки “ба ҳолати 1-уми июли соли равон 338359 субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шуда, то ин дам 3677 нафар фаъолияти соҳибкории худро қатъ намудаанд. “Сабабҳои асосии қатъи фаъолити соҳибкорӣ фарсуда шудани иқтидори истеҳсолӣ, тобовар набудани маҳсулоти онҳо дар бозори дохилӣ ва паст будани малакаи молиявии соҳибкорон ба ҳисоб меравад”,- афзуд ӯ.

Тавре дар нишаст таъкид гардид, дар ин давра ба ҷумҳурӣ 173 млн доллар сармоя ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 57,6 млн доллар зиёд мебошад. Бештар ба Тоҷикистон аз Чин сармоя ворид гардида, ҳамзамон, аз Белгия, Швейтсария, Русия ва дигар давлатҳо низ сурат гирифтааст.

Аз Русия дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 18,5 млн доллар сармоя ворид гардидааст. Ин дар ҳолест, ки дар соли 2021 ҳамагӣ аз Русия 1,9 млн доллар ворид гардида буд.

Инчунин, кумита 90 ҳуҷҷати ҳамкорӣ бо доираҳои сармоягузории Миср, Белгия ва Ӯзбекистон ба маблағи умумии наздик ба 1,1 млрд доллар ба анҷом расонидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *