Ба Ёров боз 5 соли иловагӣ таҳдид мекунад

Прокуратура талаб мекунад, ки , Бузургмеҳр Ёров, вакили собиқи дифоъро барои “таҳқири оммавии президент” ва “қаллобӣ” ба 17 соли зиндон маҳкум кунанд.

Ин талаби додситонӣ рӯзи 3-юми август садо дод.Азбаски Бузургмеҳр қаблан ба 25 соли зиндон маҳкум шудааст ва ҳадди аксари ҳабс дар Тоҷикистон 30 сол ва ё ҳабси абадро ташкил медиҳад, прокурор зимни мурофиа гуфт, ки мехоҳад, камаш 5 соли дигар ба ҳукми пешинаи вакили собиқ изофа шавад.Бузургмеҳр Ёров дар пайи ду ҳукми суд дар моҳи октябри соли 2016 ва моҳи марти соли 2017, дар маҷмӯъ, ба 25 соли зиндон маҳкум шудааст. Дар ҳоле ки суд ҳукмҳои ӯро аз рӯи моддаҳои “даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти ифротгароӣ”, “беэҳтиромӣ ба намояндаи додгоҳ” ва “таҳқири намояндаи ҳокимият» исботшуда ва қонунӣ меномад, худи Ёрову наздиконаш ба сиёсӣ будани ангезаҳои он пофишорӣ доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *