378 миллион гардиши савдои Тоҷикистону Эрон дар як сол
Гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистону Эрон соли 2024 ба 378 миллион доллар расидааст.
Ин нукта дар вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо раиси Утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маоден ва кишоварзии Эрон Самад Ҳасанзода садо дод.
Вохӯрии ду ҷониб 15 январи соли равон дар доираи сафари Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён дар шаҳри Душанбе доир шуд.
“Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот паҳлуҳои калидии ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратиро мавриди баррасӣ қарор доданд”, -иттилоъ доданд аз вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.
Завқизода қайд кард, ки гардиши савдои хориҷии дуҷониба дар соли 2024 ба 378 миллион доллар ва ҳаҷми сармоягузориҳои мустақим ҳамагӣ 0,5 миллион долларро ташкил медиҳад.
Вобаста ба ин таъкид карда шуд, ки ин нишондиҳандаҳо дар муқоиса бо иқтидорҳои мавҷудаи ду кишвар хеле ночиз мебошанд ва зарурати андешидани тадбирҳои ҷиддиро барои афзоиши савдои мутақобила ва ҷалби бештари сармоягузорӣ талаб менамояд.
Самад Ҳасанзода омодагии ҷониби Эронро барои густариши ҳамкориҳо изҳор намуда, пешниҳод кард, ки бо таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои инфрасохторӣ ва афзоиши сармоягузорӣ, имкониятҳои нав барои рушди иқтисодиву иҷтимоии ҳарду кишвар фароҳам оварда шаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ