38 ҷангҷӯи ДИ дар шимоли Сурия кушта шуд

Дар шимоли Сурия тайи як шабонарӯзи ахир наздики 38 ҷангҷӯи гуруҳи террористии «Давлати исломӣ» (ДИ) кушта шудааст.

Дар ин бора манобеи низомии Туркия хабар дода, гуфтаанд, амалиёти ҷангӣ дар минтақаҳое, ки шӯришгарони Сурия зери ҳимояти Анқара бо тундравон меҷанганд, пурзӯр шудааст.

Бино ба иттилои хабаргузории Reuters, шӯришгарони Сурия бо дастгирии танку ҳавопаймоҳои Туркия ба шаҳри Дабик, ки дар дасти тундравон аст, наздик мешаванд.

Амалиёти низомӣ зидди ДИ дар шимоли Сурия, минтақаҳои ҳаммарз бо Туркия моҳи августи соли равон оғоз шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *