3,8 млн доллар содироти барқ дар як моҳ
Дар моҳи октябри соли равон Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 3,8 млн доллар барқ содир намуд. Дар ин бора Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ ба сурати умум аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 102,4 млн доллар неруи барқ интиқол ёфтааст, ки ин нишондиҳанда 3,2% ё худ 3,4 млн доллар камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад.
Ҳиссаи интиқоли барқ ба хориҷи кишвар дар ҳаҷми умумии содироти ҷумҳурӣ давоми моҳҳои январ-октябр 6,6%-ро ташкил дод.
Тибқи маълумоти ҶСК “Барқи тоҷик”, дар мавсими тирамоҳу зимистон неруи барқ дар ҳаҷмҳои начандон зиёд танҳо ба Афғонистон интиқол дода мешавад. Қарордоди интиқол ба Ӯзбекистон танҳо дар мавсими тобистон амал мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ