385 сомонӣ ҷаримаи Абдуқодир барои таҳқири пиразани роҳрӯб
Санаи 11 феврали соли равон ба Телефони боварии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе — 221 15 00 шаҳрванд Носирова Сарагул Абдуллоевна, соли таваллудаш 1963, истиқоматкунандаи кӯчаи Қубодиёни ноҳияи Сино, роҳрӯби Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино дар он хусус муроҷиат намудааст, ки ҳангоми ба фаъолияти корӣ, яъне рӯбучини роҳу ҷӯйборҳо машғул буданаш дар кӯчаи Ҳаёти Нав ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» рақами қайди давлатиаш 0054 АК 01, ки бо суръати баланд воситаи нақлиёти худро идора мекард, дар наздикии муроҷиаткунанда боз истода, нисбати роҳрӯб-пиразани 56-сола, ки гӯё ба ҳаракати ӯ монеа овардааст, таҳқиру дашномҳои қабеҳ намуда, шаъну шараф ва дигар ҳуқуқҳои фитрии номбурдаро дар назди шаҳрвандон поймол намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Баррасӣ ва санҷиши муроҷиати мазкур таҳти назорати ҷиддии роҳбарияти милитсияи пойтахт қарор гирифта, чораҳои фаврӣ ҷиҳати муайяну дастгир намудани ронандаи мазкур роҳандозӣ гардид. Ахиран бо бурдани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ронандаи автомашинаи зикршуда, шаҳрванд Ширинов Абдуқодир Обидович, соли таваллудаш 1975, зодаи шаҳри Бохтар муайян ва боздошт карда шуд.
Дар натиҷа, нисбати ҳуқуқвайронкунанда барои тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, шаъну шарафи шаҳрвандро паст задан, бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба Суди ноҳияи Сино ирсол карда шуд.
Зимни баррасии парванда ва омӯзиши шикояти мазкур ҳамзамон дар раванди баррасии судӣ, шаҳрванд Абдуқодир Ширинов ба кирдори содирнамудаи худ пурра иқрор шуда, иброз дошт, ки дар ҳақиқат санаи 11-уми феврал ҳангоми идораи воситаи нақлиёт дар кӯчаи Ҳаёти Нав, тақрибан соати 12:30-дақиқа, воситаи нақлиёти худро бо суръати баланд идора намуда, нисбати зани 56 солаи роҳрӯб таҳқиру дашномҳои қабеҳ намудааст.
Бо дарназардошти ҳолатҳои мазкур санаи 13-уми феврали соли равон бо ҳукми Суди ноҳияи Сино барои кирдори майдаавбошӣ нисбати ҳуқуқвайронкунанда Ширинов Абдуқодир Обидович ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 385 сомонӣ таъин карда шуд.
Дар робита ба ҳолати макзур милитсияи шаҳри Душанбе иловатан ба иттилои кулли сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе мерасонад, ки дар ҳолатҳои шоҳиди ягон ҳодисаҳои ҷиноӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ё муноқишаву чунин кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ гардидан ба телефони боварии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 221-15-00, почтаи электронии Раёсат [email protected], саҳифаи расмии Раёсат дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо номи «Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе» иттилоъ диҳанд.
Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе
Бознашр аз сомонаи ВКД
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ