Қонуни нави танзим

Парлумони Тоҷикистон рӯзи 23 август тағйиру иловаҳо ба Қонуни танзими расму ойинҳоро қабул кард. Бар асоси ин тағйирот, забҳи чорво ва додани таом дар маъракаҳои азодорӣ комилан манъ шуда, тӯйи хатна аз ин ба баъд бидуни даъвати санъаткорон бояд доир шавад. Бо тӯйи дигар муштарак кардани хатнасӯр ҳам акнун манъ мешавад.

Маҷлиси намояндагон – маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 23 август дар як иҷлосияи ғайринавбатӣ 11 тағйиру илова ба қонун «дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”-ро қабул кард. Ин тағйиру иловаҳо бо пешниҳоди раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ шуданд.

Бар асоси тағйироти қабулшуда, аз ин ба баъд дар Тоҷикистон забҳи чорво ва додани таом дар тамоми маъракаҳои азодорӣ, бо шумули ҳафту чил ва сол манъ шуда, маросими тӯйи хатнаи кӯдакон бидуни даъвати санъаткорон баргузор карда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 11 июл дар як ҷаласа ба муносибати солгарди 10-уми қабули қонуни танзим хостори боз ҳам шадидтар кардани муқаррароти ин қонун шуд. Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш дар як мулоқот бо мардум гуфт, баъди қабул шудани ин тағйирот мардум алакай дар байни ду соли наздик ҳис хоҳанд кард, ки бо шарофати танзим зиндагиашон чӣ қадар беҳтар мешавад.

Раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода ба вакилон гуфт, ҳеҷ кадоме аз тағйироти пешниҳодшуда мухолиф ба муқаррароти дини Ислом нест, балки баракс пеши роҳи хурофотро мегирад. Файзулло Баротзода, раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон дар шарҳи ин тағйирот ба вакилон гуфт, мардум бисёре аз маъракаҳоро иштибоҳан исломӣ фикр карда, анҷом медоданд.

Вакили парлумон Ҷаббор Ахмедов изҳори умед кард, ки бо манъи бисёре аз ин маъракаҳо акнун ба муҳоҷирати корӣ рафтани шаҳрвандони Тоҷикистон коҳиш меёбад, чунки, гуфт ӯ, онҳо асосан барои пӯшондани хароҷоти маъракаҳо ба мардикорӣ мерафтанд. Ҷаббор Ахмедов ҳамчунин хостори гирифтани ҷилави овозхонҳо шуд, ки ба гуфтаи ӯ, барои хидмат дар як маърака аз 500 доллар то 5 ҳазор доллар пул талаб мекунанд.

Акнун ин тағйироти аз сӯи Маҷлиси намояндагон қабулшуда бояд аз ҷониби Маҷлиси Миллӣ – палатаи болоии парлумони Тоҷикистон баррасӣ шавад. Муҳамммадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ иҷлосияи ғайринавбатии ин маҷлисро ба рӯзи 28 август даъват карда, изҳори итминон кардааст, ки тамоми вакилон якдилона аз тағйирот ба қонуни танзим пуштибонӣ хоҳанд кард.

Бар асоси тағйироти қабулшуда ин маҳдудиятҳои нав ҷорӣ карда мешаванд:

КОМИЛАН МАНЪ КАРДА МЕШАВАНД:

1.Маъракаи ақиқа

2.Маъракаи «Ҳоҷизиёрат”

3.Маъракаҳои ноншиканон, модарталбон, падарталбон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтоз (роҳбандон)

4.Даъвати санъаткорон ба тӯйи хатна

5.Даъвати санъаткорон ва забҳи чорво дар маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста.

6.Забҳи чорво ва додани таом дар тамоми маросими дафну азодорӣ, аз ҷумла дар маросими «се», «чил» ва «сол» ва маросими алакай мамнӯи «оши сари тахта», «душанбегӣ», «ҷумъагӣ», «ҳафт», «бист» ва «шашмоҳагӣ».

МАҲДУД КАРДА МЕШАВАНД:

1.Тӯйи хатна: фақат дар доираи оила ва бе даъвати санъаткорон. Тифли навзод бояд алакай то 20-рӯза шуданаш ва дар бемористон хатна карда шавад.

2.Номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои вобаста ба таваллуди кӯдак: фақат дар доираи оила, бе даъвати санъаткорон ва бе забҳи чорво.

3.Маросими дафну азодорӣ («се», «чил» ва «сол»): бе забҳи чорво ва бе додани таом.

4.Иди Рамазон ва Қурбон: оростани дастурхони маънавии хоксорона ва роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ.

БА ҶОИ ИН ТАВСИЯ ДОДА МЕШАВАД:

1.Ба падару модарон ва дигар шахсони онҳоро ивазкунанда ҳуқуқ дода мешавад, ки аз маблағҳои сарфашуда то расидан ба синни балоғат дар бонкҳо ба номи писаронашон суратҳисобҳо кушоянд.

2.Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд, ҳуқуқ дода мешавад, ки бо риояи тартиби муқарраркардашуда ва бо иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ хатнасури хайриявии писарони бепарастор ва аз оилаҳои камбизоатро баргузор намоянд.

3.Падару модари домоду арӯс ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо маслиҳати тарафайн метавонанд ба ҷойи додани оши тӯй маблағи онро ҷиҳати беҳтар гардонидани шароити зиндагии навхонадорон сарф намоянд

4.Хатна бошад бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор ба таври ройгон бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида мешавад.

САЛОҲИЯТҲОИ НАВИ КОМИССИЯИ ТАНЗИМ:

1.Бо мақсади ба низом даровардани гузаронидани маросими дафну азодорӣ тартиби гузаронидани онҳоро мақоми ваколатдор муайян мекунад.

2.Соҳибони маъракаҳо бояд аз ин ба баъд мақоми ваколатдорро доир ба баргузории тӯи домодию арусӣ ва маросими азодорӣ хабардор кунанд.

ВАҚТИ БАРГУЗОРИИ МАЪРАКАҲО

1.Тӯли маърака: то 3 соат

2.Дар шаҳрҳо: рӯзҳои истироҳат аз соати 8-00 то 22-00, рӯзҳои корӣ аз 18-00 то 22-00

3.Дар шаҳраку деҳот: рӯзҳои истироҳат – аз 1 апрел то 31 октябр аз соати 6-00 то 22-00, аз 1 ноябр то 31 март аз соати 8-00 то 22-00. Рӯзҳои корӣ аз соати 18-00 то 22-00.

МУҶОЗОТ

1.Аъзои Ҳукумат, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, дигар шахсони мансабдори давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, андоз, гумрук ва хизматчиёни ҳарбӣ барои вайрон кардани Қонуни танзим аз ҷониби онҳо ва фарзандонашон аз мансаб озод карда мешаванд.

2.Андозаи ҷарима нисбати шахсони мансабдор аз 250-270 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 12500-13500 сомонӣ то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 25 ҳазор сомонӣ баланд бардошта шудааст.

3.Нисбати шахсони ҳуқуқӣ низ андозаи ҷарима аз 500-520 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 25 -26 ҳазор то 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 35 ҳазор сомонӣ баланд бардошта шудааст.

4.Барои содир намудани ҳамин кирдор аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ, ходимон ва уламои дин бошад, нисбати онҳо ба андозаи 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 35 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

5.Барои дағалона ё такроран вайрон намудани тартиби гузаронидани анъана ва ҷашну маросим низ ҷавобгари пешбинӣ гардида, ҳангоми содир намудани онҳо ба шахсони воқеӣ ба андозаи шашсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 30 ҳазор сомонӣ, ба шахсони мансабдор ба андозаи ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 40 ҳазор сомонӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 50 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

6.Маъмурияти қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо, тарабхона ва тӯйхонаҳо дар баробари соҳибони маърака барои шумораи даъватшудагон ва вақти баргузории тӯю маъракаҳо масъул мегарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *