39 ҳолати ғарқшавӣ ва ҷустуҷӯи 2 ҷасад дар Суғд

Дар вилояти Суғд давоми соли равон 39 ҳолати ғарқшавии сокинон ба қайд гирифта шудааст.

Дар ин бора масъулини Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд ба Pressa.tj иттилоъ доданд.

Таъкид гардид, ки аз шумораи умумии ғарқшудагон 19 нафар мард, 8 нафар зан ва 12 нафари дигар ноболиғон мебошанд.

 Дар мавсими имсолаи оббозӣ бошад, дар дарёву обанборҳои ҳудуди вилоят 13 ҳолати ғарқшавӣ ба қайд гирифта шуда, ин рақам дар муқоиса бо соли гузашта 1 ҳолат зиёд мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *