396 миллион зарар ба буҷет
Нигаронии Президент дар ҷаласаи Ҳукумат
Ҷаласаи ҷамъбастии солонаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки 21 январ таҳти роҳбарии Президенти Тоҷикистон сурат гирифт, бо чанд фарқияти худ аз ҷаласаи солҳои пеш тафовут дошт.
Қабл аз ҳама, дар ин ҷаласа мисли солҳои пеш, тавре ки бисёриҳо интизор буданд, ба таври густурда аз толори маҷлисгоҳ роҳбарони аз уҳдаи иҷрои вазифаашон набаромада хориҷ карда нашуданд. Танҳо ду нафар, раиси “Амонатбонк” ва роҳбари ҶСК “Тоҷик Эйр” бо амри Президент маҷлисгоҳро тарк карданду халос. Пас аз ҳисоботи Сарвазир Қоҳир Расулзода ва ҳисоботдиҳандагони дигари ин ҷаласа, ки ҳар кадоме асосан дар бораи пешрафтҳои соҳаи худ сухан гуфтанд ва “дар омади гап” аз баъзе камбудиҳо низ ҳозиронро огоҳ намуданд, навбати таҳлилу натиҷагирӣ ба Роҳбари давлат расид ва ӯ ҳамчун Раиси Ҳукумат ҳар як соҳаи фаъолияти яксолаи сохторҳои ҳукуматиро таҳлил намуд. Баромади Президент асосан дар ду нукта тамаркуз карда буд. Чун дар Паёми худ ба Парлумон Президент дар бораи саноатикунонии истеҳсолоти кишвар гуфта буд, аввалин чизе, ки ӯ бори дигар ба он диққати ширкаткунандагон ва тамоми ҷомеаи кишварро ҷалб намуд, ин бозгашт ба сари ҳамин мавзӯъ буд. Масъалаи муҳими дигаре, ки Роҳбари давлат дар баромади худ бештар ба он диққат дод, рақобатпазирии моли Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ ва ҳар чӣ бештар ба хориҷ баровардани молҳои истеҳсолнамуда дар кишвар буд. Ҳам дар вақти таҳлили сабабҳои аз фаъолият бозмондани корхонаҳои бузурги коркарди нахи пахта, аз ҷумла, «Олим Текстайл», «Вализода Мастчоҳ» дар ноҳияи Мастчоҳ, «Самар»-и Восеъ, «Бофандаи Норак»-и шаҳри Норак ва ҳам масъалаи коркарди ашёи хоми саноати кӯҳӣ Президент ба ҳозирон андешаеро талқин менамуд, ки бояд қисмати зиёди ин маҳсулот дар дохили кишвар коркард шуда, ба хориҷ моли тайёр ва ё нимтайёр бароварда шавад. Тавре, вақтҳои охир ба мушоҳида мерасад, Роҳбари давлат ба масъалаи саноатикунонии хоҷагии халқ диққати бештар медиҳад, ки ин беҳуда нест. Зеро агар дар кишвар шумораи корхонаҳои калони саноатӣ бештар гарданд, аввалан шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ камтар мешавад ва ба замми ин ба хориҷ моли тайёр бароварда мешавад, ки даромаднокиро аз ин ҳисоб чанд баробар бештар мекунад. Аллакай Тоҷикистон ба чанд ҳадафи стратегии худ, аз ҷумла, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ноил шуд ва акнун навбат ба саноатикунонии истеҳсолот ва бо кор таъмин намудани аҳолии торафт бештар афзоянда мебошад. Мантиқан фикр кунем, Пешвои миллат ҳадафмандона ҳамасола дар назди Ҳукумат вазифаҳои нав ба нав мегузорад ва хеле ҷиддӣ натиҷаи онро пурсон мешавад. Маълум, ки сарчашмаи амалӣ гардидани ҳадфҳо-ин ҳар чӣ бештар ворид гардидани маблағ ба буҷаи кишвар аст. Дар соли сипаришуда 6 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Ёвон, Панҷ, Фархор, Ховалинг ва ноҳияи Восеъ уҳдадориҳои андозии худро дар назди буҷет дар ҳаҷми умумии 64 млн. сомонӣ таъмин накарданд, ва ҳамчунин иҷро нагардидани 2 намуди андоз ва аз ин ҳисоб ба буҷет ворид нагардидани 420 миллион сомонӣ сабаби нигаронии Роҳбари давлат шуд. Ҳамчунин, беҳуда талаф додани маблағи буҷа ва бевиҷдонии баъзе дастандаркорони сарфкунанадаи маблағи халқу давлат низ аз назари Президент пинҳон намонд. Дар натиҷаи санҷиши аудитории вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидор ва дигар муассисаҳои буҷетӣ аз ҷониби Палатаи ҳисоб ба маблағи 396 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шудааст, ки бо ин маблағ метавонистанд корҳои зиёдеро анҷом диҳанд. Аз ҳама бештар сабаби нигаронии Роҳбари давлат ин коҳиш ёфтани истеҳсоли яке аз ашёҳои стратегӣ-алюминий буд,ки дар ин маврид Президент нисбати соли 2012 қариб се маротиба кам шудани онро таъкид намуда, ба роҳбари ин корхона супориш доданд, ки дар муддати 9 моҳ истеҳсолотро пурра барқарор кунад. Воқеан, истеҳсоли алюминий яке аз воситаҳои асосии пур кардани хазинаи кишвар аст ва баъд аз ба кор даромадани НБО-и “Роғун” дар ин самт набояд камбудие ҷой дошта бошад.
Соли сипаригашта шаҳри Душанбе тамоми нақшаҳои худро дар мавриди сохтмон ва ҷамъоварии андозу дигар нишондодҳо пурра иҷро намуда, боз дар сохтмони биноҳои иҷтимоию варзишгоҳҳо дар тамоми кишвар саҳмгузор буд, ки ин нуктаро Президент таъкид намуд. Аммо дар навбати худ шаҳрдорӣ супориш гирифт,ки минбаъд ба рушди маориф ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи зиндагии шаҳриён мусоидат намояд.
Тавре гуфтем, Президент масъалаи рушди маориф ва тарбияи насли наврасро яке аз масъалаҳои муҳими давлатӣ мешуморад ва дар ҳамаи баромаду суханрониҳои худ ин соҳаро ёдрас мешавад. Дар маҷлиси васеъ низ сари масъалаи маориф ва мушкилоти он сухан ронда, Президент супориш дод,ки то соли 2020 норасоии омӯзгорон пурра рафъ карда шавад ва чанд лоиҳаеро низ номбар намуд,ки дар ин самт бояд амалӣ гарданд. Маълум, ки барои амалӣ гардидани ҳар нақшаю чорабиниҳои ҳукуматӣ кадрҳои босавод, бовиҷдон ва масъулиятшинос лозиманд. Тавре Сарвари давлат гуфт, бояд нисбати онҳое,ки давлат ба онҳо бовар карда, вазифаҳои масъулро бовар мекунад, вале ин роҳбарон танҳо ба манфиати худ амал мекунанд, чораҳо қатъӣ дида шавад. Дар ин бора Президент ба Роҳбари Дастгоҳи худ супориши махсус дод.
Президент, ҳамчунин аз сохторҳои қудратӣ ва мардуми кишвар даъват намуд, ки дар ҷаҳони ноороми имрӯза зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои ҳифзи манфиатҳои миллату давлати тоҷикон хизмат кунанд. Дар маҷмӯъ, ҷаласаи имсолаи Ҳукумати Тоҷикистон амалан ҳамаи масоили вобаста ба зиндагии ҳаррӯзаи мардумро мавриди таҳлил ва баррасии комил қарор дод. Акнун масъулинро танҳо амали холисона кардан ва паи иҷрои ин супоришҳо шудан мемонаду халос, то ки соли оянда дар ҳамин толор бо сари баланд аз кардаҳои худ ҳисобот диҳанд.
А.АҲМАДЗОДА,
“Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ