4 ҳазору 58 иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шудааст
Раёсати Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон ваъда дод, ки фаъол кардани бархе масоҷиди сари вақт ҳуҷҷатгузоринашударо баррасӣ мекунад.
Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода сабаби аз фаъолият мондани бархе аз масоҷид дар кишварро тавзеҳ дод. Зимни нишасти матбуотӣ Давлатзода гуфт, вақте ба қонунгузории кишвар дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ тағйирот ворид гардид, муҳлат дода шуд, ки сокинони ноҳияҳои кишвар масоҷидро ҳуҷҷатгузорӣ намоянд.
Бино ба гуфтаи раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, ба далели саҳлангории бархе сокинони маҳаллаҳо, масоҷид сари вақт ҳуҷҷатгузорӣ нашуданд ва ба феҳрасти ягонаи масҷидҳо ворид нагардиданд.
— Дар посух ба ин суол, ки чаро бисёре аз масҷидҳо феълан наметавонанд фаъолият дошта бошанд, Давлатзода посух дод, ки дар пайи муроҷиати шаҳрвандон ният доранд комиссияи махсусе таъсис диҳанд, ки ба ин масъала машғул гардад,- тавзеҳ медиҳад Sputnik.
— Соли 2019 чунин як комиссия ташкил гардид, ки беш аз 200 масҷиди аз фаъолият бозмондаро баррасӣ карда, баъди ҳуҷҷатгузорӣ барои фаъолияташон иҷозат дода шуд,- таъкид намудааст раис.
Ба далели идомаи муроҷиатҳо ният доранд комиссияи ҷадидеро ташкил кунанд, то мушкилот дар ин самт бартараф гардад.
Ба иттилои Кумитаи дин, дар ҷумҳурӣ 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 328 масҷиди ҷомеъ, 3612 масҷиди панҷвақта, 66 ташкилоти динии ғайриисломӣ, 1 маркази исломӣ, 3 ҷамоатхона ва дар маҷмуъ 4 ҳазору 58 иттиҳодияи динӣ дар феҳрасти давлатии иттиҳодияҳои динии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ