4 ҷавони 17 сола пиразани 62 соларо таҷовуз карданд

Чуноне, сардори шӯъбаи тафтишотии Ереван СУ КМТ дар Бурутия, Борис Потхоев хабар медиҳад, Чаҳор нафар наврасони 17 сола, нимашаб ба хонаи пиразани 62 сола бо мақсади ғоратгарӣ ворид гашта, аз вай пул ва корти пасандозҳояшро талаб мекунанд. Вақто, ки пиразан дар ҷавоб мегӯяд, ки пул ва дигар ҷиҳози қимматбаҳояшро дар хона нигоҳ намедорад онҳо ба хашм омада, ду нафарашон ба ҳавлии дигари кампир барои кофтукоби пул мераванд ва ду нохалафе,ки дар пеши пиразан мемонанд бо қайчии дасташон таҳдид намуда кампири бечораро таҷовуз мекунанд. Сипас ҳамроҳонашон,ки ба аз ҷустуҷӯи бенатиҷа ғазаболуд шуда баргашта буданд, низ рафтори ношоистаи онҳоро идома дода кампири бекасу бечораро таҷовуз мекунанд.

Наврасони нохалаф мераванд, вале чанде ногузашта боз тавасути тирезаи шикастагиашон бармегарданд ва пиразани нафақахӯрро кашолакунон ба ҳавлии дигараш мебаранд то худаш пул ва корти пасандозашро ёфта диҳад. Дар роҳ марди ношиносе ин ҳолатро дида кампирро аз чанги онҳо халос мекунад. Дуздбачаҳо аз тарс фирор мекунанд. Он мард пиразанро ба хонааш бурда мемонаду ба милиса занг мезанад. Дуздони наврас каме пас маротибаи сеюм боз мегарданд ва кампирро зери мушту лагад мегиранд. Дар ҳамин асно кормандони милиса меоянду яке аз ҷинояткоронро дар ҷойи ҳодиса дастгир мекунанд. Сетои дигарашро,ки фирор карда, буданд баъдан дастгир карданд. Маълум гашт,ки онҳо дар қайди Шӯъбаи кор бо ноболиғон будаанд. Ду нафари онҳо пеш аз ин аллакай барои дӯздӣ суд шудаву шартан ба озодӣ баромада буданд. Барои ҳамлаи ғоратгарона ба онҳо аз 8 то 12 соли зиндон ва барои таҷовуз аз 4 то 10 сол таҳдид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *