4 куштаву 90 маҷрӯҳ натиҷаи таркиши Кобул

Дар таркиши шаби 14 январ дар шаҳри Кобули Афғонистон ҳадди ақал 4 кас кушта, бештар аз 90 тани дигар маҷруҳ шуданд.

Масъулияти ҳамлаи охирро то ҳанӯз касе ба дӯш нагирифтааст. Наҷиб Дониш, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Афғонистон гуфт, дастгоҳи тарканда, ки дар мошини худрав насб шуда буд, дар қисмати шарқии Кобул, наздикии маҷмааи Green Village таркид. Дар ин маҷмаа чанде аз намояндагони созмонҳои хориҷӣ фаъолият мекунанд.

Ба иттилои мақомот, миёни маҷруҳон 23 кӯдак низ ҳаст.

То чанде пеш дар маҷмааи Green Village кормандони намояндагии СММ дафтари корӣ доштанд. «Ба биноҳои истиқоматии атроф зарари ҷиддӣ расонида шудааст», — гуфт Наҷиб Дониш.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *