$ 4 миллиард сармояи Чин ба иқтисоди Тоҷикистон

Давоми даҳ соли охир Чин ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 4 миллиард доллар сармоягузорӣ намудааст. Аз ин 1,5 миллиард долларро сармояи мустақим ташкил медиҳад.

Дар ин бора Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба Агентии иттилоотии «Синхуа» иброз доштааст.

«Сармоягузориҳои Чин дар соҳаҳои саноати кӯҳӣ, нассоҷӣ ва хӯрокворӣ, энергетика, нақлиёт, металлургия ва кишоварзӣ пайваста афзоиш меёбанд. Онҳо инчунин ба таъсиси паркҳои саноатӣ ва корхонаҳои муштарак нигаронида шудаанд. Айни ҳол дар Тоҷикистон дар ин бахшҳо беш аз 500 лоиҳа бо иштироки Чин татбиқ шуда, инчунин беш аз 700 корхонаи муштарак бо сармоягузории Чин фаъолият доранд», — таъкид дошт Сарвари давлат зимни мусоҳиба.

Ёдовар мешавем, ки шаби 4 июл Президенти Чин Си Ҷинпин бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Душанбе шуд.   

Бино ба иттилои расмӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми баланд меҳмони олимақом — Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро истиқбол гирифт.

Сафари давлатии Президенти Чин аз 4 то 6 июл дар Тоҷикистон идома меёбад.

Зимни ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин, имзои як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ва чорабиниҳои дигари муҳим дар назар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *