4 зани кисабур дар бозори «Корвон»
Ба мақомоти милитсия зани 50-солаи сокини шаҳри Душанбе дар он хусус муроҷиат намудааст, ки 20 феврали соли 2019, ҳангоми дар бозори ҶДММ “Корвон”-и пойтахт қарор доштанаш, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайбаш ҳамёнаш, ки дар дохили он 4700-сомонӣ пули нақд будааст, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрвандон: зани 23-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, зани 37-солаи сокини ноҳияи мазкур, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва ду нафар зани 31 ва 37-солаи сокинони пойтахт бо гумони дуздӣ дастгир карда шуданд.
Ин қазия мавриди тафтиш қарор дорад.
ВКД
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ