40 бонуи ҳунарманд дар Хуҷанд соҳиби грант шуданд
Ба 40 бонуи ҳунарманди шаҳри Хуҷанд 165 ҳазор сомонӣ гранти Раиси шаҳр тақдим гардид.
Дар ин хусус дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар дод.
“Дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор ҳамасола грантҳои Раиси шаҳр барои занони ҳунарманди шаҳр таъсис дода мешаванд. Имсол низ 40 нафар занони соҳибкор, ҳунарманд ва эҷодкор тибқи хулоса ва қарори ҳайати комиссияи грантӣ, аз ҷумла 5 грант дар ҳаҷми 8000 сомонӣ, 10 грант дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва 25 грант дар ҳаҷми 3000 сомонӣ соҳиби гранти Раиси шаҳри Хуҷанд гардиданд”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Маблағҳои грантиро раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба бонувони ҳунарманд супорид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ