40 дақиқаи Прокурори генералӣ

 

 

Аз бегуноҳии Пономарёв то кофтукови Гулмуроду тақдири Низомхон

ПУРСИШ: — Ҳукумати Тоҷикистон барои баргардондани шаҳрвандонаш аз Сурия ва Ироқ, аз ҷумла беш аз 250 кӯдак, талош дорад. Оё ба ин муваффақ шуда истодааст?

ПОСУХ: — Шаҳрвандоне, ки аз тарафи ташкилотҳои террористӣ ба Сурия ва Ироқ ҷалб шудаанд, нисбат ба ҳамаи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар сурати дастгир шудан ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Парвандаҳои занону ноболиғонро дар сурати бозгашт ба Тоҷикистон баррасӣ мекунем. Ноболиғон, албатта, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида намешаванд. Нисбат ба  дигарон чора андешида мешавад.
ПУРСИШ: —  Гуфта мешавад, ки ҷангиёни зиёди тоҷик аз Сурия ва Ироқ ба Афғонистон, ба марзи Тоҷикистон баргаштаанд. Дар ин бора чӣ иттилоъ доред?

ПОСУХ: — Дар васоити ахбори омма дар ин бора иттилоот аст, шумо огоҳ ҳастед. Маълумоти дақиқе дар ин бора дар даст надорем.

ПУРСИШ: — Барои истифодаи меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон парвандае боз шудааст?

ПОСУХ: — Парвандаи ҷиноие барои истифодаи меҳнати кӯдакон боз нашудааст. Дар сурате, агар чунин ҳолат ба қайд гирифта шавад, мо оммаро огоҳ мекунем.

ПУРСИШ:  — Ҳамлаи террористӣ дар Хатлонро кӣ ба дӯш гирифт? ВКД аз пешгирии 12 ҳамлаи террористӣ хабар дод, метавонед инро шарҳ диҳед?

ПОСУХ: — Аз рӯи ҳамлаи террористӣ дар Қӯрғонтеппа парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва давоми ҳамагӣ 10 рӯз ошкор гардид. 4 нафар аъзои гурӯҳи террористӣ боздошт шуда,  ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд. Дар мавриди он, ки аъзои кадом ташкилоти террористианд, ин сирри тафтишот аст.

ПУРСИШ: —  Пешвои миллат зимни вохӯриаш бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар изҳори нигаронӣ карданд, ки муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, пеш аз ҳама, мансабдорону хизматчиёни давлатӣ риоя намекунанд. Дар мавриди нақзи қонуни танзим аз сӯи мансабдорону хизматчиёни давлатӣ чӣ иттилоъ доред?

ПОСУХ: — Мақсад аз  ин пешгирӣ намудани қонуншикании фарзандони хизматчиёни давлатӣ аст. Мо дар ин самт ҳама вақт кор мекунем. Дар сурати ошкор шудани ҳолатҳои қонуншиканӣ мо чора меандешем.
ПУРСИШ: — Қонуншиканӣ дар соҳаи замин дар давраи ҳисоботӣ зиёд шудааст ё камтар?

ПОСУХ: — Имсол қонуншиканӣ дар соҳаи замин камтар шудааст. Танҳо дар доираи як парвандаи ҷиноӣ зиёда аз 4 миллион сомонӣ ба ҳайси пора ошкор шудааст. Ин миқдор пораро гирифта, заминро фурӯхтаанд. Фақат дар ноҳияи Рӯдакӣ 100 парванда, дар маҷмӯъ 500 парвандаи ҷиноии марбут ба замин боз шудааст.
Мо ҳозир бо мақомоти судӣ аризаҳои даъвогӣ пешниҳод мекунем ва тамоми хонаҳое, ки дар заминҳои ғайриқонунӣ сохта шудаанд, давлатӣ карда мешаванд. Маблағҳое, ки тариқи пора гирифта шудаанд, ҳамаашро аз шахсони гунаҳкор ба манфиати давлат рӯёндем. Ҳам мансабдорон ва ҳам онҳоеро, ки заминро ғайриқонунӣ харидаанд, ба ҷавобгарӣ мекашем. Роҳи дигари кам кардани ҷинояткорӣ дар соҳаи замин нест. Хонаҳое, ки ғайриқонунӣ сохта шудаанд, давлатӣ мекунем.

ПУРСИШ: — Созмонҳои байнамилалии  хифзии ҳуқуқ мегӯянд, наздикони аъзои гурӯҳи дар Тоҷикистон мамнуъ мавриди фишор қарор доранд…

ПОСУХ: — Ин хел гап нест, ягон фишор ба аъзои оилаи онҳо нест. Дар доираи парвандаи ҷиноӣ хешу табори наздики аъзои “Гурӯҳи 24” ва дигар созмонҳо мавриди пурсиш қарор мегиранд. Ягон хел фишор нест.
ПУРСИШ: — Пинҳонкунии ҷиноят дар Тоҷикистон кам шудааст ё зиёд?
ПОСУХ: — Дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пинҳонкунии ҷиноятҳо ҷой дорад. Ҳолатҳои пинҳонкунии ҷиноятҳо 599 ададро ташкил медиҳад, ки қисми зиёди камбудиҳо дар ВКД ошкор гардидааст. Зиёда аз 180 парванда ба судҳо равон шудаанд. Зимни санҷиши ҳодисаҳои ҷиноят аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба кирдори содиршуда баҳои ҳуқуқӣ дода наметавонанд. Дар натиҷаи назорати прокурорӣ ин ҳолатҳо ошкор мешаванд ва гунаҳкорон ба ҷазои интизомӣ кашида мешаванд.

ПУРСИШ: — Низомхон Ҷӯраев куҷо шуд?

ПОСУХ: — Вай худаш медонад, ки дар куҷост. Нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, қисми парвандаи ҷиноӣ ба суд ирсол гардидааст. Бешубҳа, дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
ПУРСИШ: — Соли гузашта иброз намудед, ки нисбат ба Пономарёв парванда кушодаед, он чӣ натиҷа дод?

ПОСУХ:  — Мо гуфтем, ки мақола мавриди санҷиш қарор мегирад ва агар таркиби ҷиноят ошкор шавад, парванда оғоз мегардад. Санҷиш мавҷуд будани таркиби ҷиноятро дар мақолаи ӯ ошкор накард.
ПУРСИШ: — Дар мавриди Гулмурод Ҳалимов чӣ иттилоъ доред?
ПОСУХ: — Нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, тариқи Интерпол дар кофтуков қарор дорад. Дар сурати дастгир шуданаш ба ВАО иттилоъ пешниҳод хоҳад шуд.

ПУРСИШ: — Дар гузоришатон доир ба вазъи ҷиноят дар байни ноболиғон чизе нагуфтед. Дар нимсола он кам шудааст ё зиёд?

ПОСУХ: — Содиршавии ҷиноят аз ҷониби ноболиғон нисбат ба соли сипаригардида дар ҷумҳурӣ кам гардида, дар шашмоҳаи аввали соли равон 339 ададро ташкил додааст.

Таҳияи Э. НАЗАРОВ, «Тоҷикистон»

P.S. Агар Прокурори  генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод  3 августи соли равон дар таърихи нишастҳои матбуотии тоҷик кӯтоҳтарин нишасти матбуотиро доир намекард, шояд посухҳояш ба пурсишҳои дар даҳонмондаи рӯзноманигорон  баъзе паҳлуҳои фаъолияти Прокуратураи генералиро дар нимсолаи аввали соли 2017 бештар мекушод.  Ӯ  ба баъзе рӯзноманигорон, ки боз  хоҳиши савол додан доштанд, монеа шуда гуфт: «Ҳар як журналист як савол диҳад!».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *