40 сол бе Ризошоҳ
Фараҳ Паҳлавӣ дар мавриди охирин рӯзҳои зиндагии шоҳ, вазъии имрӯз ва «соли шарм»-и Эрон
Аз инқилоби исломӣ дар Эрон, ки ҳукумати Ризошоҳи Паҳлавиро сарнагун кард, чиҳил сол гузашт. Фараҳ Паҳлавӣ, ҳамсари охирин шоҳи Эрон, ки айни замон дар Фаронса зиндагӣ мекунад, ба ин муносибат бо Радиои Фардо мусоҳибае анҷом дод ва рӯзҳои охирини давлатдорӣ ва зиндагии Ризошоҳи Паҳлавиро ёдоварӣ кард, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мекунем…
Муҳаммадризо Паҳлавӣ баъди 38 соли салтанат, пас аз инқилоби исломӣ дар соли 1979, Эронро тарк кард. Вай пас аз муддате саргардонӣ, иқомат ва муолиҷа дар Марокаш, Амрико, Мексика ва Панама саранҷом ба Миср рафт ва моҳи июли соли 1980 дар шаҳри Қоҳира аз олам даргузашт.
-Аз рӯзҳо ва моҳҳои пеш аз инқилоб оғоз кунем. Аз чӣ замоне дар дарбор эҳсос шуд, ки вазъияти кишвар буҳронист?
— То ҷое ба ёдам ҳаст, аълоҳазрат аз пизишкони фаронсавии худ пурсида буданд, ки оё ду сол ба эшон вақт медиҳанд ё не. Докторҳо ҳам гуфта буданд, бале. Ва ин ба далели ин буд, ки мехостанд дар ин мавқеъ фазои бозии сиёсиро эълон кунанд ва ба фикри ин буданд, ки фарзандашон боистӣ ҳатман дар як фазои мамлакати демократӣ подшоҳӣ кунад. Мутаассифона, дар ниҳоят иддае аз рӯшанфикрон ва мутаассибон ва гурӯҳҳои мухолиф, ки хеле муташаккил буданд, аз ин раванд истифода карданд. Дурӯғпардозӣ ва пахши ахбори нодуруст карданд. Натиҷа он шуд, ки дидем. Ва, фикр мекунам, дар тобистони соли 1978 дигар ҳис шуд, ки чӣ гирифториҳое ҳаст.
-Дар он рӯзҳо бисёре аз шахсиятҳо барои дидор бо шоҳ ба дарбор мерафтанд. Онҳо ғолибан чӣ мегуфтанд ё чӣ хостҳое доштанд?
— Хабар надоштам, ки аълоҳазрат ҳар рӯз чӣ касонеро мебинанд. Вале баъдан, ки бо ман роҷеъ ба баъзеҳо суҳбат мекарданд, бештари афрод пешниҳодҳои мухталиф доштаанд. Баъзеҳо мегуфтанд, ки боистӣ хеле маҳкам гирифт ва фалониро зиндонӣ кард. Баъзеҳо ҳам мегуфтанд, на, бояд озодӣ дод ва иҷоза дод, ки тазоҳурот бошад.
— Ва бархе аз шахсиятҳои сиёсиву низомӣ ва фарҳангӣ ҳам бо Шумо дидор мекарданд. Оё онҳо бо Шумо содиқона бархӯрд доштанд?
— Оё бештари ин шахсиятҳо дилашон мехост ва тақозо мекарданд, ки шоҳ ва Шумо дар Эрон бимонед ё хостори ин буданд, ки барои муддати кӯтоҳе Эронро тарк кунед?
-Албатта, баъзеҳо буданд, вале роҷеъ ба ин суҳбат намекарданд. Дар рӯзҳои охир аълоҳазрат фикр карданд, ки шояд агар сафар кунанд (оқои Бахтиёр нахуствазир буд), оромиш баргардад. Албатта, баъзе аз низомиҳоро гирифта буданд. Бештар аз ҳар касе ин рабте ба тасмими аълоҳазрат надорад. Сафири Амрико ва сафири Англия ҳамин ҷур мунтазир буданд, ки кай эшон мераванд.
— Оё то замоне ки дар Эрон будед, Шумо мутаваҷҷеҳи беморӣ шуда будед? Ё эшон ин мавзӯъро аз Шумо пинҳон карда буданд?
-Фикр мекунам, соли 1977 буд. Ман сафаре доштам ба яке аз кишварҳои хориҷӣ. Танҳо будам. Докторҳои аълоҳазрат хостанд, ки маро хеле маҳрамона як ҷое бубинанд. Онҳо ба ман гуфтанд, ки аълоҳазрат як беморӣ доранд. Хеле дарднок буд. Барои ин ки бо аълоҳазрат роҷеъ ба ин мавзӯъ суҳбат накарда будем. Ҳар рӯз медидем, ин марде, ки намехост бо касе дар бораи бемории худаш ҳарф бизанад, ҳатто бо ман, бо чӣ иродае аз субҳ то шаб дар фикри Эрон ва эронӣ буд. Баъди муддате аълоҳазрат як тавре ба ман гуфтанд, ки ин гирифториро доранд. Хуб, ҳамеша саъй мекардам ба эшон бигӯям, ки беҳтаранд ва хуб мешавад, то умед бидиҳам.
— Бархе мегӯянд, ки шоҳ дар он рӯзҳои пеш аз хурӯҷ аз Эрон рӯҳияи муносибе надоштанд. Ва Шумо аз чанд тан аз муроҷиаткунандаҳо хоста будед, то ҳарфе назананд, ки муҷиби афсурдагии шоҳ бишавад. Оё ин мавзӯъ ҳақиқат дорад?
-На, ҳарфи беасос аст. Албатта, хеле мушкил буд. Тамоми чизҳое, ки дар Эрон иттифоқ меафтод, эшон медиданд. Аваллан касоне, ки пеши аълоҳазрат мерафтанд, қаблан назди ман намеомаданд, то барояшон бигӯям, чӣ гӯянд ё чӣ нагӯянд. Ҳамчунин чизе нест. Ман ҳеҷ вақт ба касе чунин ҳарфе нагуфтаам. Даврони сахте буд, вале эшон воқеан бо қудрат кори худашонро мекарданд.
-Шумо Эронро тарк кардед ва ба Миср рафтед. Оё дар он рӯз тасаввур мекардед, ки эҳтимол дорад то муддате тӯлонӣ ё шояд ҳаргиз ба Эрон барнамегардед?
-На, ҳеч вақт. Ин фикр ба сарамон набуд. Ба ҳар сурат, худи ман мегуфтам, вақте вазъият дуруст шавад ва бо нахуствазирии оқои Бахтиёр оромиш баргардад, мо ҳам бармегардем. Аълоҳазрат ҳам фикр намекарданд, ки дигар ҳеҷ вақт барнамегарданд. Дар ҳар сурат, дар афкори худашон буданд. Он рӯзҳо пешбинӣ кардани ин ки чӣ мешавад, мушкил буд. Вале одам ҳеҷ вақт намехоҳад умедро аз даст бидиҳад.
—Чаро бо вуҷуди ин ки дар Миср аз Шумо истиқбол мешавад, ба Марокаш рафтед ва пас аз муддате аз Марокаш ҳам хориҷ шудед?
-Он рӯзе, ки аз Эрон хориҷ мешудем, ҳеҷ вақт фаромӯш намекунам. Дар чашми аълоҳазрат ашк буд. Марде, ки тамоми зиндагиаш, умраш, фикраш ва ҳушаш воқеан фақат барои Эрон ва эронӣ буд. Бубинед, мамлакат ба чӣ рӯзҳое афтода буд ва мардум чӣ шиорҳо медоданд. Хеле дарднок буд, воқеан. Ман ҳеҷ вақт наметавонам худамро ба ҷои эшон бигузорам. Медонистам, ки ба Миср меравем, вале баъд оқои Амираслон Афшор гуфтанд, дар китобашон ҳам навиштаанд, ки амрикоиҳо гуфта буданд, аълоҳазрат ба Миср бираванд. Аълоҳазрат намехостанд, ки дар Миср барои Анвар Содот мушкил пеш ояд. Подшоҳи Марокаш гуфтанд, ки ин ҷо биёед ва мо ба Марокаш рафтем. Алъон чӣ бигӯям?
—Ба тасаввури Шумо чаро ба он зудӣ, дар 61-солагӣ фавт карданд? Оё фикр мекунед, пизишкон дар дармон дучори хатое шуда буданд?
-Фикр мекунам, ки бале. Барои ин ки ёдам ҳаст, замоне аълоҳазрат фавт карданд, доктори фаронсавиашон тақрибан гиря мекард ва мегуфт, агар эшон як одами маъмулӣ мебуданд, алъон бо хонум ва бачаҳояшон даври ҳам нишаста буданд. Дигар ҳоло бо ҷузъиёт наметавонам бигӯям. Барои он ки доктор нестам ва, мутаассифона, дуруст муолиҷа нашуданд. Чун эшон метавонист хеле бештар аз он зиндагӣ кунад.
-Ба назари Шумо, агар дар он моҳҳои охир ё соли охир дар Эрон тасмимҳои дигар гирифта мешуд, эҳтимол дошт, ки инқилоб шакл нагирад?
-Бубинед, намегӯям, мо, ки даври ҳам менишинем, «агар»-ҳоро фикр намекунем. Агар мо, агар мардум… Вале ба қавли Эйнштейн, бо тамоми энержии кайҳон як сония ҳам намешавад ба ақиб баргашт. Ман мегӯям, дигар фикри «агар»-ҳои гузаштаро накунем, ки фоида надорад. Фикри ояндаро бикунем, ки баъд фардо дубора нагӯем, «агар»-ҳое буд. Аълон бештар ба Эрон ва фардои Эрон фикр кунем.
-Пас аз гузашти чиҳил сол дар ин рӯзҳо ояндаи Эронро чӣ гуна мебинед?
-Ин чанд рӯз дар радио мешунавам, ки созмони Афви Байналмилал ба Эрон мегӯяд, «соли шарм». Ва эътирозҳои коргарӣ, донишҷӯӣ ва талоши занон дар гӯшаву канори кишвар ояндаи мусбату рӯшанеро воқеан умед медиҳад. Имрӯз коргарон медонанд, ки чӣ мехоҳанд. Муаллимону донишҷӯён медонанд, ки чаро чунин режимеро намехоҳанд. Занони шуҷои Эрон медонанд, ки бештар аз ҳама чиз озодӣ ва осоиш мехоҳанд. Эрониён дар тӯли таърих борҳо бо чолишҳои душворе дасту панҷа нарм кардаанд. Медонанд, ки бори дигар даврони кӯтоҳе аз торикиро мегузаронанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ