“40 сол “Маснавӣ”-ро омӯхтаму 10 сол тарҷума кардам”,- мегӯяд Одил Икром

Шоири маъруф Одил Икром чанде пеш барои тарҷумаи осори адибони тоҷик, махсусан, тарҷумаи комили “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба забони ӯзбекӣ барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардид. Дар арафаи Рӯзи бузургдошти Мавлоно бо эшон ҳамсуҳбат шудем.

Даричаи ошноӣ:

Одил Икром зодаи деҳаи Кӯлканди ҷамоати деҳоти Чилгазии ноҳияи Исфара аст. Хатмкардаи бахши забон ва адабиёти ӯзбеки факултаи таъриху филологияи Институти давлатии педагогии шаҳри Ленинобод ба номи С. М. Киров (ҳоло Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров) мебошад. Аз соли 1981 фаъолияти кориашро дар ноҳияи Ҳисор ба ҳайси муаллим оғоз кардааст. Муддате мухбири рӯзномаи «Совет Тожикистони» (ҳоло «Халқ овози») буд. Аз соли 1986 то соли 1990 корманди Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд буд. Аз соли 1991 узви Иттифоқи нависандагони СССР. Шоири рангинхаёл ва навпардоз аст. Дар доираҳои адабии Ӯзбекистон ӯро ҳамчун шоири лирик мешиносанд. Ашъораш дар маҷмӯаҳои «Уфуқ дарахти» («Дарахти уфуқ», 1991, Тошканд), “Таҳаҷҷуд” (2007), “Узлат”, “Таҳаммул” (2012) ва «Хаёл мақбараси» чоп шудааст.

Як самти муҳими фаъолияти эҷодии Одил Икром тарҷумаи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ба забони ӯзбекӣ мебошад. Маҷмӯаи шеърҳои Фурӯғи Фаррухзод, Лоиқ Шералӣ, Фарзона, Озарахш, Нақибхон Туғрал, Ҷалолиддини Румӣ, Муҳаммад Иқбол ва намунаи ашъори 70 адиби тоҷикро дар маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ва анталогияи назму насри муосири тоҷик ба забони ӯзбекӣ тарҷума кардааст.

— Муҳтарам Одил Икром, нахуст мушарраф шуданатонро ба Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ табрик мегӯям.

— Сипос. Ман аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагон миннатдорам, ки ин мукофоти олиро ба ман сазовор донистанд.

— Шумо солҳост, ки ба тарҷумаи осори шоирони тоҷик ба забони ӯзбекӣ машғул ҳастед. Ин корро аз кай шуруъ кардед?

— Ман 24-сола будам, ки бори нахуст ба тарҷумаи ашъори шоири эронӣ Фурӯғи Фаррухзод шуруъ кардам. Аз он вақт инҷониб якҷо бо кори эҷодии худ асарҳои адабони форсу тоҷикро ба забони ӯзбекӣ тарҷума карда истодаам. Асосан баъди чиҳилсолагӣ ҷиддӣ ба тарҷума пардохтам.

— Яке аз корҳои муҳими шумо тарҷумаи мукаммали “Маснавии маънавӣ” аст. Чӣ шуморо такон дод, ки ин асари калонҳаҷмро тарҷума кунед?

— «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ зиёда аз ҳафт садсола аст, ки шефтагони фарҳангу алоқмандони ирфонро дилбохтаи хеш гардонидааст. Ин шоҳкории бенази­ри адабӣ нардбони руҳу дил аст, ки ҳар фарди соҳиби имонро пилла-пилла то мулоқоти Худо сууд мебахшад. “Маснавӣ” асари бузургҳаҷме дар шаш дафтар аст. Ба ҳисоби румишинос Тоҷибой Султонӣ, теъдоди абёти “Маснавӣ” ду баробар бештар аз девони Ҳофиз ё баробар ба теъдоди абёти тамоми “Куллиёт”-и Саъдӣ аст. Маснавӣ чун «Ал-ҷомеъ ас-саҳиҳ»-и Имом ал-Бухорӣ ҳамсафари Қуръони карим аст. Таваҷҷуҳи ман ба «Маснавӣ» дар охири солҳои ҳаштодуми асри гузашта аз мутолиаи китоби «Ҳикоятҳои халқии «Маснавӣ», ки соли 1963 аз ҷониби Расул Ҳодизода чоп шудааст, оғоз ёфт. Баъдан, беш аз 40 сол ин асарро омӯхтам ва баъдан ба тарҷума пардохтам. Зиёда аз даҳ соли умрамро ба тарҷумаи «Маснавӣ» бахшидам. Тарҷумаро аз рӯи нусхаи Қуния анҷом додам. Ин нусха куҳантарин ва асли «Маснавии маънавӣ» маҳсуб мешавад, зеро пас аз панҷ соли даргузашти Мавлоно китобат карда шудааст.

Хушбахтона, тарҷумаи банда аз ҷониби аҳли адаби ӯзбек хуш пазируфта шуд ва ҳар дафтари он дар Тошканд ба теъдоди 5-ҳазорнусхагӣ, ҷамъулҷамъ 30 ҳазор нусха ба нашр расид. Дар боробари ин банда «Ҳикоятҳо аз «Маснавии маънавӣ»-ро дар шаш дафтар, ки ҳамчун изҳороти насрӣ барои кўдакон ва хонандагони хурдсол аст, тарҷума кардам ва он низ бо теъдоди 30 000 нусха (ҳар дафтар 5000-нусхагӣ) дар Тошканд чоп шуд.

— Тавре огоҳам, қабл аз шумо ҳам “Маснавии маънавӣ” ба ӯзбекӣ тарҷума шуда буд. Зарурати тарҷумаи дигарбораи он дар чист?

— Бале. Шоири ӯзбек Аскар Маҳкам дар Ӯзбекистон аввалин шуда ба тарҷума ва шарҳи «Маснавӣ» пардохтааст. Мутаассифона, ба иллати марги нобаҳангом ин кори хайр қатъ шуд. (Ҳоло дӯсти мо Абдуллоҳи Зуҳур шарҳи «Маснавӣ»-ро идома медиҳад). Баъдан, «Маснавӣ» дар тарҷумаи шоири ӯзбек Ҷамол Камол чанд маротиба пурра ба табъ расид. Хизмати Ҷамол Камол шоистаи тақдир аст ва дар румишиносии ӯзбек кори мондагор мебошад. Вале холисона агар бигӯем, ин тарҷума нуқсонҳои зиёд дорад. «Маснавӣ» дар баҳри рамали мусаддами мақсур ё маҳзуф (фоилотун, фоилотун, фоилун, ё фоилон) навишта шудааст. Тарҷумон кӯшиш мекард, ки ин вазнро нигоҳ дорад, вале дар бисёр ҷойҳо талаботи вазн риоя карда нашудааст. Қофияҳои бисёр мисраъҳо низ ҳамоҳангӣ надоранд. Танҳо дар як китоби ин асари шашкитобӣ ба беш аз шашсад ояти Қуръони карим ва беш аз сад ҳадис ишора шудааст. Дар тарҷумаи қаблӣ ҳатто даҳяки ин истинод нишон ва ё шарҳ дода нашудаанд. Ин камбудиҳо монеаи бузурге буданд, ки хонандаи ӯзбек аз мазмуну мундариҷаи ин асар ба таври комил огоҳӣ наёфт. Ба андозаи зарурӣ огоҳӣ надоштани мутарҷим аз маъниҳои ирфонии «Маснавӣ» руҳи асарро барбод додааст. Дар тарҷума байтҳои бешуморе мавҷуданд, ки барои хонандаи ӯзбек нофаҳмо ҳастанд. Ба назар мерасад, ки асар бо услуби «ширу шакар» тарҷума шудааст. Илова бар ин, аксар байтҳо нодуруст тарҷума шудаанд… Ҳамин аст, ки ман дигарбора ба ин кор пардохтам.

— Дар баробари “Маснавӣ” хонандагони ӯзбек бештар ашъори кадом шоири тоҷикро хуш мепазиранд?

— Хонандаи ӯзбек мутолиа кардани осори тамоми намояндагони адабиёти форс-тоҷикро дӯст медорад, вале ба эҷодиёти Лоиқ Шералӣ ихлоси хоса дорад. Аз ин рӯ, дар соли 2008 тасмим гирифтам силсилаи «Модарнома»-и ӯ ва чанд шеъри фалсафӣ ва ошиқонаи ӯро ба забони ӯзбекӣ тарҷума кунам. Ин китоб дар Хуҷанд ва Тошканд бо теъдоди зиёд нашр шуд. Таваҷҷуҳи зиёд доштани хонандагони ӯзбек ба ашъори устод Лоиқро ба назар гирифта, тарҷумаҳои нави ашъори ӯро тартиб додаам. Дар ҳоли ҳозир китоби нави Лоиқ Шералӣ бо номи «Кўнглим дуо истар…» ба чоп омода аст. Агар сарпараст пайдо шавад, ин китоби устод ба забони ӯзбекӣ чоп мешавад. Ҳамчунин, ашъори Муҳаммад Иқболро тарҷума кардаам, ки он ҳам омодаи нашр аст.

Мусоҳиб: О. НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *