40 сола шуду ақлаш…

Масъулони бахши танзим ва милисаи ноҳияи Кӯшониён нисбат ба Бахтиёр Амонов, сардори маркази хидматрасонии бонки «Эсхата” дар ноҳияи Вахш ба далели бар хилофи қонуни танзим бошукӯҳ таҷлил кардани ҷашни 40-солагиаш парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба додситонӣ супурдаанд. Ба раиси бонк ҷарима ба маблағи дастикам 5 ҳазор сомонӣ таҳдид мекунад. Ӯ рӯзи 5 декабр ҷашни зодрӯзашро бо иштироки 15 меҳмон дар тарабхонаи «Озода” дар маркази ноҳияи Кӯшониён доир кардааст. Қонуни танзими расму ойинҳои Тоҷикистон гузарондани зодрӯзро танҳо дар ҳалқаи оила иҷозат медиҳад. Моҳи сентябр сокини Хуҷанд Азиза Бобоҷонова барои дар тарабхона бо даъвати 6 меҳмон доир кардани ҷашни 25-солагиаш ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуд.

Рӯзи 5 декабр сардори маркази хидматрасонии бонки «Эсхата” дар ноҳияи Вахш Бахтиёр Амонов ҷашни 40-солагиашро бо иштироки 15 корманди ин бонк дар тарабхонаи «Озода” дар маркази ноҳияи бо Вахш ҳамсояи Кӯшониён доир кард, ки гапу калоча нашавад. Аммо кормандони бахши танзим ва милисаи ноҳияи Кӯшониён аз ин ҷашн хабар ёфта, ба тарабхонаи «Озода”, воқеъ дар рӯбарӯи беморхонаи марказии ноҳияи Кӯшониён ҳозир шуданд ва нисбат ба соҳибҷашн протоколи ҳуқуқвайронкуннии маъмурӣ тартиб доданд.

Парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Бахтиёр Амонов ҳоло дар дасти додситонии ноҳияи Кӯшониён қарор дорад ва ба ӯ барои вайрон кардани қонуни танзими расму ойин ҷарима ба маблағи дастикам 5 ҳазор сомонӣ таҳдид мекунад.

Бар асоси моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумхурии Тоҷикистон» шахсони воқеъи ва ҳуқуқӣ ҷашни зодрӯзро метавонанд ба таври ихтиёрӣтанҳо дар доираи оила гузаронанд. Бар асосимоддаи 15-и ҳамин қонун дар ҳолати аз ҷониби шахсони воқеъи ва хуқуқӣ риоя накардани талаботҳои қонуни мазкур, тибқи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моҳи августи соли 2017 ба қонуни танзим тағйироти наве ворид карда шуд, ки бар асоси он, шахсони мансабдор ва кормандони давлатӣ дар сурати иҷро накардани муқаррароти қонуни танзим аз ҷониби онҳо ваё фарзандонашон аз мансаб озод карда мешаванд: «Аъзои Ҳукумат, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, дигар шахсони мансабдори давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, андоз, гумрук, кормандони мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби онҳо ва фарзандонашон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мансаб озод карда мешаванд.

Ин бори аввал нест, ки шаҳрвандон дар Тоҷикистон барои баргузории ҷашни зодрӯз ба ҷавобгарӣ кашонда мешаванд.

Сокини шаҳри Хуҷанд Азиза Бобоҷонова се моҳ пеш бо ҳукми додгоҳ 5 ҳазор сомонӣ, ё беш аз 500 доллар ҷарима баста шуд. Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, «рӯзи17 сентябри соли 2018 шаҳрванд Бобоҷонова Азиза Камолиддиновна барои ҷашни 25-солагии худ дугонаҳояш Бурҳонова П.З., Ҷӯраева К.О., Дадабоева Я.А., Ниёзмамадова Р. ва дигарон, ҷамъ 6 нафарро ба тарабхонаи «Истиқлол»-и шаҳри Хуҷанд даъват карда, бо оростани дастархони идона зодрӯзро гузаронидааст.«

Нисбати соҳибҷашн бар асоси моддаи 481-уми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, яъне барои риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо парвандаи хуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, бо қарори суд Азиза Бобоҷонова бар асоси ин моддаи қонун ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 5000 сомонӣ ҷарима баста шуд, ки ба фоидаи давлат рӯёнда шудааст.

Моҳи июл Агентии мубориза бо коррупсия хабар дод, ки «мудири бахши назорати давлатии молҳои мавриди нийзи мардуми Раёсати «Тоҷикстандарт” дар минтақаи КӯлобШарипов Абдураззоқ Азизович, дар хонаи истиқоматиаш дар деҳаи Деҳлолои ҷамоати ба номи Назарови ноҳияи Мӯъминобод бо мақсади гузарондани ҷашни зодрӯзаш забҳи чорво карда, ғайр аз хешовандони наздик ҳамсояҳоро ҳам даъват намуда, барои меҳмонон 5

хона омада намуда, ҷашни 50-солагиашро баргузор кардааст.”

Агентии мубориза бо коррупсия гуфт, Шарипов шахси мансабдор ба ҳисоб мерафт ва бо ин кирдораш талаботи моддаи 8-уми қонуни танзими расму анъанаҳоро вайрон кардааст.

«Ахбор»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *