400 нафар дар муҳосираи барф монданд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар медиҳад, ки 20 январ дар километри 681-уми шоҳроҳи «Алмато- Уст-Каменогорск», дар ҳудуди ноҳияи Урҷари вилояти Қазоқистони Шарқӣ ба далели бӯрони сахт даҳҳо мошин банд монданд.
Ҳаракат дар шоҳроҳи мазкур аз соати 12:00-и зуҳри он рӯз қатъ карда шуд.
Дар шоҳроҳи «Алмато- Уст-Каменогорск» ҷамъан 7 автобус, 45 камаз, 30 мошини сабукрав ва 8 газел бо наздики 420 одам банд мондаанд.
Барои интиқоли шаҳрвандон ба ҷойи амн ба маҳалли ҳодиса нирӯ ва техникаҳои махсус фиристода шуд. Вале сокинон гуфтаанд, мошинҳои худро тарк нахоҳанд кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ