4000 сомонӣ барои «ҳоҷиошӣ»

Суди  ноҳияи Нуробод як сокини маҳаллиро дар нақзи “қонуни танзим” гунаҳгор донистааст.

Туйчӣ Эшонов, сокини ҷамоати деҳоти Комсомолобод бо моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳгор шуда, ба андозаи 100 нишондиҳанда, ки 4000 сомониро ташкил медиҳад, ҷарима бастааст.

Суд  нисбати Эшонов дар пайи санҷиши кормандони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну муросимҳо парванда боз кардааст. Кормандони кумита гуфтаанд, вай дар манзили истиқоматиаш ба хотири баргаштани падараш — Бегмаҳмад Эшонов аз зиёрати Хонаи Худо барои тақрибан 150-200 нафар шӯрбо омода кардааст: Инчунин дар ду ҳуҷра дастархон ороста, дар гирди онҳо тақрибан 15-20 нафарӣ машғули тановули хӯрок будаанд”.

Қаблан Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон хабар дод, дар пайи рейдҳои махсус  чанд ҳолати “баргузор кардани маъракаҳои манъгардидаи “ҳоҷиошӣ” ва “ҳоҷиталбон”-ро ошкор намудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *