41 куштаву 32 захмӣ. Магар Толиб ҳаррӯз мемураду боз зинда мешавад?

Дар амалиёти нерӯҳои амниятӣ дар вилояти Ҳирот, ғайр аз кушта шудани 41 ҷангҷӯи Толиб*, манотиқи Пул Паштун, Пули Молон, Осиёи Кулохи, Пули Рушон, Ҳаводеҳи Ҳирот аз вуҷуди Толибон поксозӣ карда шуд.

Вазорати дифоъи миллии Афғонистон эълом кардааст, ки дирӯз нерӯҳои дифоъ, нирӯҳои амниятӣ ва хезишҳои мардумӣ бо кумаки Нерӯҳои ҳавоӣ ҳангоми амалиёти муштарак дар Ҳироти Толибонро ҳадаф қарор доданд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.

Вазорат дифои ин кишвар хабар додааст, ки дар натиҷаи амалиёт 41 ҷангҷӯи Толиб* кушта, 32 нафари дигар маҷрӯҳ шудааст.

Вазорати дифоъ гуфт, ки дар амалиёти нерӯҳои амниятӣ ва дифоӣ бо ҳамдастии хезишҳои мардумӣ, минтақаҳои Пули Паштун, Пули Молон, Осиё Кулохӣ, Пули Равшан ва Ҳаводеҳи Ҳирот низ аз Толибон поксозӣ шуд.
Мақомоти расмии вилояти Ҳирот дирӯз гуфтанд, ки задухӯрдҳо миёни нерӯҳои амниятӣ ва Толибон* дар даромадгоҳҳои шаҳри Ҳирот идома доранд, ки дар натиҷа теъдоди зиёди ғайринизомиён овора шуданд.

Мақомоти расмии вилояти Ҳирот дирӯз гуфтанд, ки Толибон* қасд доштанд вориди шаҳри Ҳирот шаванд, аммо аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва хезишҳои мардумӣ пеши роҳи онҳо гирифта шуд ва бино ба гузоришҳо, дар як шабонарӯз тақрибан 100 ҷангҷӯи Толибон* кушта ва захмӣ шудаанд.

Вилояти Ҳирот рӯзҳои охир ба ҳамлаҳои густурдаи Толибон* рӯ ба рӯ шудааст. Ҷангҷӯёни ин гурӯҳ чанд рӯз боз дар атрофи шаҳри Ҳирот ҳамлаҳо пардарпай анҷом медиҳанд, ки бо муқовимати шадиди нерӯҳои амниятӣ рӯбарӯ шуданд.

Чун кас ба ингуна ахбор дида медӯзад, дар ҳайрат мемонад, ки тухми ин Толибон магар ҳаррӯз инкишоф меёбад? Тибқи ахборе, ки ҳаррӯз дар сомонаҳо ва ВАО-и дунё рӯи чоп меоянд, гуфта мешавад, ки 40, 50, 70, 100, 200, 500 ҷангии Толибон кушта шуд. Агар мо ҳаммаи ин маълумотҳоро ҷамъ оварем, бояд ки кайҳо пояи ин марази ваҳмангаези дунё Толибон заиф мешуд. Аммо чун мебинем ин мараз ба мисли ҳамон заҳрпечак дорад ҳаррӯз нумӯъ карда марзаҳоро мехушконад. Кош ин мараз аз решаш несту нобуд карда мешуд!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *