Вохӯрии Раҳматулло Мирбобоев бо Вениамин Каганов

Имруз  дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия  мулоқоти Раҳматулло Мирбобоев, муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  муовини Вазири маориф ва илми Федератсияи Русия,Вениамин Каганов баргузор гардид, ки дар он равиящои асосии рушди ҳамкории тарафайн дар соҳаи маориф ва илм мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Масъалаи омода намудан ва баланд бардоштани тахассуси касбии муаллимони забони русӣ барои мактабҳои миёна ва олии Тоҷикистон аз мавзӯъҳои асосии  ин мулоқот ба ҳисоб мерафт.
ҷонибҳо инчунин фаъолияти филиалҳои мактабҳои олии Федератсияи Русияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутахассисони баландихтисосро дар соҳаҳои мухталиф тайёр менамоянд, ҳамчунин масъалаи донишомӯзии шаҳрвандони Тоҷикистон дар мактабҳои олии Русия мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз руи иттилои Хадамоти матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Федератсияи Русия,  тарафҳо ба хулосае омаданд, ки ҷиҳати густариши амиқи муносибатҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаи маориф ва илм  бояд «харитаи роҳ» таҳия гардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *