ҲХДТ ҳуқуқи занҳоро ҳимоя мекунад
«Ҳизби Халқӣ-демократии Тоҷикистон ҲХДТ дар татбиқи сиёсати гендерӣ бо назардошти хусусиятҳои миллӣ ва бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ чораҳои мушаххас андешида, барои таъмини баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари онҳо талош хоҳад кард». Раъно Бобоҳоҷиён, муовини Раиси ҲХДТ имрӯз дар Душанбе зимни баргузории мизи мудаввар, ки дар мавзӯи « Пешгирии табъиз нисбати занон» баргузор гардид,ин суханонро иброз дошт.
Номбурда зикр кард, ки ҲХДТ дар партави сиёсати пешгирифтаи Сарвари муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи иштироки онҳо дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва корҳои ҷамъиятӣ корҳои назаррасро анҷом додааст .Таҳия ва қабули Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2015-2020 дар самти татбиқи сиёсати гендерӣ ва таҳкими оила аз ҳамин қабил аст. Таъкид шуд, ки Парлумони Тоҷикистон бо нияти пешгири аз хушунат дар хонаводаҳо ва коҳиш додани раванди ин зуҳуроти номатлуб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила»- ро таҳия ва қабул намуд, ки мақсадаш ҳимояи ҳуқуқи оилаҳо, пешигрӣ аз зӯроварӣ дар хонаводаҳо ва татбиқи сиёсати гендерии давлат дар ҷомеа мебошад.
Дар мизи мудаввар, фаъолзанони ҲХДТ, раисони шӯъбаҳои кор бо занон ва оила аз минтақаҳои гуногуни кишвар, кормандони масъули мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот ва равоншиносон иштирок намуда, доир ба паҳлуҳои гуногуни ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ ҷиҳати пешгирӣ аз табъизи занону духтарон дар ҷомеа мубодилаи афкор намуда, пешниҳодҳои судманд баён карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ