420 шумораи “Овози тоҷик” ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон туҳфа шуд
Комилҷон Раҳимов, шарқшиноси зодаи Ӯзбекистон, доктори илмҳои таърих, ки бо даъвати Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рӯнамоии китобаш ба Душанбе омадааст, зимни боздид аз Китобхонаи миллӣ 420 шумораи рӯзномаи “Овози тоҷик” ва 21 китобу авторефератро туҳфа кардааст.
Бино ба иттилои КМТ, Комилҷон Раҳимов зимни боздид аз шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллӣ иброз доштааст, ки баҳри таҳкими равобити фарҳангӣ ба Тоҷикистон омадааст ва ин дувумин сафараш ба кишвари мост.
Гуфта мешавад, ки як китоби Комилҷон Раҳимов бо номи “Сарчашмаи тасаввуфи Мовароуннаҳр” дар Душанбе ба нашр расидааст ва ин худ як далели таҳкими равобити илмиву фарҳангӣ миёни ду кишвар аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ