Намояндагони ВАО ҷарима карда мешаванд
Бино ба гуфтаи раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, «Интизор меравад, ки дар оянда намояндагони васоити ахбори омма, ки дар таҳияи мақолаву маводҳояшон меъёри забони тоҷикиро риоя намекунанд, ҷарима мешаванд».
Номбурда қайд кард, ки дар баъзе мавридҳо рӯзноманигорон дар таҳияи мақолаву барномаҳо вожаҳои ноошноро истифода менамоянд, ки барои хонанда ва шунаванда фаҳмо нест.
Инчунин, Гавҳар Шарофзода таъкид кард, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти кишвар вохӯрии мутахассисони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо роҳбарият ва кормандони шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ доир гардида, дар он масъалаҳои марбут ба татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», фасоҳати забони давлатӣ, риояи талаботи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва корбурди дурусти истилоҳоти соҳавӣ баррасӣ шуданд.
Дар ин вохӯриҳо камбудиҳои рӯзноманигорон, ровиён ва барандагони барномаҳои телевизионию радиоӣ оид ба гуфтори ғалат, риоя нагардидани савтиёти овоии тоҷикӣ, истифодаи калимаҳои ғалат дар забони радиову телевизион, инчунин навиштаҷоти ғайримеъёрӣ дар матни эълону рекламаҳо ва сатрҳои равони телевизионӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Гавҳар Шарофзода таъкид кард, ки баргузории чунин вохӯриҳо дар оянда бо кормандони дигар васоити ахбори омма, низ дар назар аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ