425 фавт ва 20438 сироятёфта аз коронавирус

Имрӯз шумораи гирифторони коронавирус ба 20438 нафар расид, ки аз онҳо 425 танашон ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора Кумитаи давлатии тандурустии Чин иттилоъ медиҳад. 

Дар давоми як рӯзи охир, дар саросари Чин 3235 ҳолати нав тасдиқ карда шуд, ки 2788 нафар бемор дар ҳолати вазнин қарор доранд ва 632 нафар аз беморхонаҳо рухсат шуданд.

Бояд гуфт, ки дар Ҳонконг, Макао ва Тайван дар як рӯзи ахир ягон ҳодисаи нав ба қайд гирифта нашудааст.

Маврид ба зикр аст, ки авҷи вируси нави коронавирус дар охири моҳи декабри соли гузашта маълум шуд. Дар Русия то имрӯз танҳо ду ҳолати сирояти вирус дар байни шаҳрвандони Чин — дар Забайкали ва вилояти Тюмен ошкор шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *