43 хона пурра ва 102 хона қисман зарар дидаанд: мақомот зарари офати табииро гуфт
Селу боронгариҳои рӯзи 11-уми май ба шаҳри Кӯлоб харобии зиёд оварда, тибқи маълумоти мақомот 3 нафар ба ҳалокат расидаву 46 миллион сомонӣ зарари молӣ расонидааст.
Ба иттилои дарёфти Радиои Озодӣ, ҳаҷми умумии зарари селхезӣ дар шаҳри Кӯлобро 46 миллион сомонӣ (муодили 4 миллион доллар), эълон кард. Ба иттилои манбаъ, дар ин ҳодиса 43 хона пурра ва 102 хонаи дигар қисман зарар дидаанд.
Ҳамчунин мақомот мегӯянд, ки дар натиҷаи офати табиӣ 4 мактабу боғча, 6 километр роҳ, 10 пул, наздик ба 25 километр хатҳои интиқоли барқ, 65 пояи оҳану бетонӣ, 7 трансформатор ва 500 метор қубурҳои обгузар, осеб дида, дар деҳоти атрофи шаҳр ҳазорҳо чорвои сокинон талаф ёфта, 136 гектар майдонҳои кишт аз байн рафтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ