Идигул Қосимзода аз вазъи ҷинояткории занон ба ташвиш аст

Зимни нишасти матбуотӣ Идигул Қосимзода,  раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт «Тамоюли ҷинояткорӣ дар байни занон дар сатҳи ҷумҳурӣ гарчанде раванди пастшавиро   ба худ касб карда бошад ҳам, вале ташвишовар аст»,-
Бино ба иттилои раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, дар ин давра  аз ҷониби занон 917 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 160 адад кам  мебошад. Ӯ омили асосии  даст ба ҷиноят задани занонро ба хусусияти иҷтимоӣ рабт вобаста донист.
Идигул Қосимзода ба вазъи  бекоршавии оилаҳо дар ҷумҳурӣ дахл намуда, зикр кард: «Дар зарфи шашмоҳаи аввали соли равон дар кишвар беш аз 4,5 ҳазор оилаҳо ҷудо гардиданд. Ин омор дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 адад коҳиш ёфтааст. Омилҳои  асосии пош хӯрдани оилаҳо  дар омода  набудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, вазъи иҷтимоӣ, беэҳтиромӣ байни зану шавҳар, дахолати волидайн ва никоҳи бармаҳал мебошад».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *