Довталабии Тахмина Ниёзова дар озмуни Eurovision 2018 (Видео)

Овозхони ҷавони тоҷик Таҳмина Ниёзова номзадии худро барои ширкат дар озмуни Eurovision 2018 ба намояндагӣ аз кишвари хурди аврупоии Сан-Марино пешбарӣ кардаааст. Дар сурати пирӯзӣ дар озмуни миллии Сан-Марино Таҳмина Ниёзова метавонад соли оянда дар Лиссабон ҳунарнамоӣ кунад.

Овозхони ҷавони тоҷик Таҳмина Ниёзова хабар дод, ки бо таронаи машҳури Селин Дион «Surrender” номзадии хударо ба озмуни миллии Сан-Марино барои интихоби номзади ин кишвар барои ширкат дар Eurovision 2018 пешбарӣ кардааст.

Сан-Марино, ки як кишвари хурд дар қораи Аврупост, барои интихоби намояндааш ба Eurovision 2018 бо таъсиси сомонаи вижаи www.1in360.com озмуни саросариеро дар Интернет эълон кард, ки дар он беш аз 350 овозхону гурӯҳҳои ҳунарӣ аз саросари ҷаҳон ширкат карданд.

Таҳмина Ниёзова нахустин овозхон аз Тоҷикистон аст, ки барои ширкат дар озмуни мӯътабари Eurovision азм кардааст. То кунун ягон намояндаи Тоҷикистон дар ин сабқати беҳтарин овозхонҳои Аврупо ҳузур пайдо накардааст.

Озмуни Eurovision 2018 моҳи май дар Лиссабон, пойтахти Португалия хоҳад гузашт, чунки дар озмуни имсола дар Киев ҷои аввалро намояндаи Португалия ба даст овард.

Таҳмина Ниёзова рӯзи 12 ноябр ба сомонаи «Ахбор” гуфт: «Ҳоло интихоб идома дорад. Шарти асосӣ ин аст, ки ҳар як овозхон бояд як таронаи дар ҷаҳон маъруфро бифиристад. Ман таронаи «Surrender”-и Селин Дионро барои ин даври озмун иҷро кардам. Ҳайъати ҳакамон аз байни садҳо довталаб 10 нафарро интихоб мекунад ва сипас мубориза байни ин 10 довталаб идома хоҳад ёфт, вале дар даври баъдӣ ба онҳо мардум овоз хоҳанд дод. Барои онҳое ки ба даҳгона роҳ меёбанд, тимҳои бузург кор хоҳанд кард. Ташкилкунандагони озмун мегӯянд, ки ман барои роҳхат гирифтан ба даҳгонаи беҳтаринҳо шанси зиёд дорам – ҳам аз нигоҳи ҳунари овозхонӣ, ҳам аз нигоҳи рафтор дар саҳна ва ҳам аз нигоҳи симо. Умедворам, ки пирӯз шавам.”

Ҷумҳурии Сан-Марино яке аз хурдтарин кишварҳои дунёст, ки ҳамагӣ 61 километри мураббаъ масоҳат ва 33 ҳазор аҳолӣ дорад. Сан-Марино амалан ҷазирақаламрав (анклав)-ест, ки аз 4 тараф қаламрави Италия иҳотааш кардааст.

Таҳмина Ниёзова – набераи хонандаи машҳури «Шашмақом” Боймуҳаммад Ниёзов – 14 феврали соли 1989 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, соли 2010 Донишгоҳи славяниро хатм кардааст. Таҳмина Ниёзова асосан бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ тарона мехонад. Ӯ ҳам таронаҳои классикии тоҷикӣ ва ҳам таронаҳои эстрадиро иҷро мекунад.

Маъруфияти Таҳмина Ниёзова аз пирӯзиаш дар сабқати байналмилалии «5 ситора. Интервидение” дар соли 2008 дар Сочи оғоз ёфт.

Бознашр аз Ахбор 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *