460808 кг маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоӣ дар шаш моҳ

Дар давраи ҳисоботӣ дар натиҷаи гузаронидани назорати давлатӣ ба миқдори 460808 кг маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ раиси «Тоҷикстандарт» Темурҷон Абдулваҳобзода зикр намуда, изҳор дошт, ки ин маҳсулот аз ҷиҳати бехатарӣ ва тамғагузорӣ ба талабот ҷавобгӯ набудаанд.

Зикр гардид, ки ҳамзамон барои вайрон кардани қоидаҳои савдо ва фиреби истеъмолкунандагону риоя накардани талаботи қонунгузории соҳа аз тарафи нозирон дар 3627 ҳолат ба маблағи умумии 974572 сомонӣ ҷарима баста шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *