47 000 системаи тестӣ барои ошкори коронавирус дар Тоҷикистон

Тоҷикистон то имрӯз барои муайян намудани сирояти коронавирус аз хориҷ наздики 47 000 системаҳои тестиро ворид намудааст.

Аз ҷумла 23 000 системаҳои тестӣ аз Россия, 22 000 системаҳои тестӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва 1 900 системаҳои тестӣ аз Олмон тавассути Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дастрас шудааст.
Дар ин бора ба pressa.tj аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар доданд. Ба гуфтаи манбаъ, ин тестҳо боэътимод буда, аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштаанд. Зеро ҳамаи ин системаҳои тестӣ аз ҷониби ТУТ озмуда шуда, дорои сертификати сифат мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *