Каромат Шарифовро ба Тоҷикистон мефиристанд

Суди  шаҳри Любертсиии вилояти Маскави Русия рӯзи 30 ноябр қарор кард, ки раҳбари Федератсияи муҳоҷирони СНГ Каромат Шарипов ба Тоҷикистон ихроҷ карда шавад. Каромат Шариповро дар пайи эълони ҳукми додгоҳ боздошт кардаанд.

Алла Панкина, вакили мудофеи Каромат Шарипов дар сӯҳбат бо хабаргузории русии НСН тасдиқ кардааст, ки додгоҳи шаҳри Любертси рӯзи 30 ноябр ҳукми ихроҷи президенти Федератсияи муҳоҷирони СНГ-ро содир кард. Бар асоси ин ҳукми додгоҳ, Каромат Шариповро бояд аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ кунанд.

Гуля Қодирова, яке аз волонтёрҳои Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия, ки дар мурофиаи ҳузур доштааст, ба НСН гуфт, Каромат Шариповро дар пайи эълони қарори додгоҳ дастгир карданд: «Мурофиа бар асоси шикояти мо аз қарори раёсати ФСБ дар вилояти Смоленск буд, ки шиносномаи шаҳрванди Русияро гирифтани Каромат Шариповро ғайриқонунӣ дониста буд. Мурофиа аз соати 14 то 17:30 тӯл кашид ва додгоҳ даъвои моро рад кард. Шариповро дар толори додгоҳ зери дурбини видеокамераҳо боздошт карданд ва ба қабати чорум бурданд. Адвокат танҳо баъди 20 дақиқа тавонист бо ӯ мулоқот кунад.”

Гуля Қодирова гуфт, дар мурофиа намояндаи ФСБ Смоленск аслан ҳузур надошт, балки танҳо намояндаи ФМС-и Любертси, ки шиносномаи Каромат Шариповро мусодира карда буд, ширкат варзидааст.

Каромат Шарипов, президенти Федератсияи муҳоҷирони СНГ, як созмони ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия рӯзи 4 октябр хабар дод, ки раҳбари шӯъбаи муҳоҷирати пулиси ноҳияи Люберетсии вилояти Маскав ба дафтари кори ӯ омада, талаб кардааст, ки шиносномаи Русияашро бисупорад. Намояндаи пулис гуфтааст, ки Каромат Шарипов дар вақташ шаҳрвандии Русия ғайриқонунӣ гирифта буд.

Аммо Каромат Шарипов гуфт, ӯ соли 1993, вақте ки дар дивизияи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон хидмат мекард, соҳиби шаҳрвандӣ шуда буд. Каромат Шарипов мӯътақид аст, ки моҷарои шаҳрвандии Русияи вай фармоишист ва ба эътирозҳои моҳи сентябр дар бозори «Москва” дар минтақаи Люблино рабт дорад.

Латукӯби аробакаши тоҷик Наврӯз Зикиров аз сӯи ду посбони ин бозор дар рӯзи 20 сентябр ба эътирозҳои муҳоҷирони тоҷик овард. Дар ҷараёни ин эътирозҳо шоми 20 сентябр дар назди бозори «Москва” беш аз 90 нафар ва рӯзи 21 сентябр беш аз 30 муҳоҷири тоҷик дастгир шуданд.

Бино ба маълумоти дарёфтӣ, пулис дар пайи ин эътирозҳо дар маҷмӯъ то 350 шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кард.

Додситонии минтақаи Люблино рӯзи 21 сентябр Каромат Шариповро ба даъвати муҳоҷирони тоҷик ба ин эътирозҳо айбдор карда, ба ӯ ҳушдори расмӣ дод, ки дар сурати такрори чунин даъватҳо тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд. Худи Каромат Шарипов гуфта буд, ки касеро ба гирдиҳамоӣ даъват накардааст ва рӯзи 21 сентябр бо даъвати Ҳоҷӣ Самад – яке аз тоҷикҳои бонуфузи бозори Люблино барои мулоқот бо намояндагони маъмурияти бозори «Москва” ба онҷо рафта буд. Вале касе аз маъмурияти бозор ба мулоқот наомад ва мошини Каромат Шариповро кормандони пулис манъ ва кофтукоб кардаанд ва сипас ӯро барои бозпурсӣ ба пулис ва аз онҷо ба додситонӣ бурда, ҳушдори расмиаш доданд.

Каромат Шарипов дар солҳои 90 дар дивизияи 201-ум хидмат мекард ва рутбаи подполковники артиши Русияро дорад. Соли 1995 Каромат Шарипов, вақте ҳанӯз дар дивизияи 201 хидмат мекард, аз сӯи мақомоти Тоҷикистон дастгир шуда буд, вале ӯро нирӯҳои дивизияи 201 аз шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе озод карданд.

Каромат Шарипов дар ибтидои солҳои 2000-ум ба Маскав омад ва чанд созмони ҷамъиятӣ, ба мисли Лигаи тоҷикони Русия, Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русияро ташкил дода, ба ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон машғул шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *