Сафиаллоев аз номи Асадулло Раҳмон гап зада будааст

Пешвои коммунистҳои Душанбе Субҳон Сафиаллоев худро мушовири ёрдамчии президент дар масоили кадрҳо Асадулло Раҳмон муаррифӣ карда, ба мудири «Тоҷикаэронавигатсия” амр додааст, ки ба як нафари ниёзманд 12 ҳазор сомонӣ пул гузаронад.

Ин қаллобӣ вақте ошкор шуд, ки раҳбарони «Тоҷикаэронавигатсия” ба Асадулло Раҳмон дар бораи иҷро шудани супоришаш гузориш доданд…

Қаблан хабар дода шуда буд,ки Субҳон Сафиаллоев аз номи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз раҳбари як идораи давлатӣ пул талаб кардааст.

Аммо як манбаъ аз Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон гуфтааст, ки Субҳон Сафиаллоев дар асл аз номи Асадулло Раҳмон, ёрдамчии президент дар масоили кадрҳо сӯиистифода кардааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, пешвои коммунистзои Душанбе дар поёни моҳи ноябр ба телефони хидматии мудири кулли корхонаи давлатии «Тоҷикаэронавигатсия”, як корхонаи масъули таъмини амнияти парвозҳо дар ҳарими ҳавоии Тоҷикистон, занг зада, худро мушовири Асадулло Раҳмон муаррифӣ кардааст. Субҳон Сафиаллоев гуфтааст, як нафар бояд ҳамсарашро ҷарроҳӣ кунад ва ба пул ниёз дорад. Сипас Сафиаллоев рақами телефони худро ба мудири «Тоҷикаэронавигатсия” дода, талаб кардааст, ки ба номи ин одам 12 ҳазор сомонӣ гузаронанд.

Субҳон Сафиаллоев барои дилпур шудан худаш хеста, ба идораи «Тоҷикаэронавигатсия” меравад ва мегӯяд, ки ҳамон нафари гуфтаи Асадулло Раҳмон аст. Дар ин идора ба номи вай 12 ҳазор сомонӣ гузаронда, сипас ба Асадулло Раҳмон гузориш медиҳанд, ки супоришатон иҷро шуд. Ёрдамчии президент аз ин қазия изҳори бехабарии комил карда, ба масъулони «Тоҷикаэронавигатсия” амр додааст, ки ба мақомот муроҷиат кунанд ва қаллобро дастгир карда, ба ҷавобгарӣ бикашанд.

Дар пайи ин Агентии мубориза бо коррупсия шахсияти қаллобро муайян карда ва ҳоло ба зидди Субҳон Сафиаллоев, раҳбари созмони ҳизби коммунист дар шаҳри Душанбе ва вакили маҷлиси вакилони пойтахт бар асоси моддаи 247-уми Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ба ӯ то 3 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Расонаҳо  мегӯянд, ки Субҳон Сафиаллоев дар маҳаллаи Ховарон дар шарқи Душанбе хонаи нав месохт, вале дар як соли охир ба сабаби аз бонк қарздор шудани писараш дучори мушкилоти молиявӣ шуда буд ва ҳатто хонаеро, ки зиндагӣ мекард, аз даст дод.

Дар дафтари Ҳизби коммунисти гуфтаанд, ки парвандаи раиси созмони душанбегии ҳизб рабте ба фаъолиятҳои ҳизбии ӯ надорад. Ҳамсафони Сафиаллоев аз ироаи ҷузъиёти бештар дар бораи ин қазия дар ҳоли ҳозир худдорӣ мекунанд. Худи ӯ низ барои шарҳи ин қазия дастрас нест, вале яке аз наздиконаш гуфтааст, ки ҳамсари Сафиаллоев дар он шабу рӯз дар ҳақиқат бемор буд.

Субҳон Сафиаллоев аз раҳбарони собиқадори Ҳизби коммунист ба шумор рафта, 19 соли охир созмони шаҳрии ин ҳизб дар шаҳри Душанберо раҳбарӣ мекунад. Субҳон Сафиаллоев моҳи июни соли 2016 барои боз як давраи дигар раиси коммунистҳои пойтахт интихоб шуда буд.

Ин бори аввал нест, ки аз номи мансабдорони баландпоя дар Тоҷикистон чунин сӯиистифода мешавад. Дар соли 2015 Агентии мубориза бо коррупсия Хушдил Қурбонов, хонандаи синфи даҳуми мактаби байналмилалии Душанбе ва ҷияни раиси бонуфузи корхонаи «Тоҷиктекстил” Анвар Қурбоновро дастгир карда буд. Хушдил Қурбонов худро Сомони Эмомалӣ, писари хурдии президент Эмомалӣ Раҳмон, ки бо ӯ дар як мактаб мехонд, муаррифӣ карда, аз чанд нафар даҳҳо ҳазор доллар ва аз мақомоти ноҳияи Рӯдакӣ чанд қитъа замин гирифта буд.

Ҳамин тавр, як нафари дигар худро ёрдамчии сарвазир Қоҳир Расулзода муаррифӣ карда, аз мақомоти ноҳияи Файзобод ҳалли масъалаҳои хусусиашро талаб карда буд, вале ӯро ҳам дастгир карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *