5-даво барои резондани кирм
Писарчаи сесолаам шабҳо қафояшро хорида, дергоҳ беқарорӣ ва гиря мекунад. Ба назарам кирм дорад. Ягон давои халқие ҳаст, ки кирмҳои кӯдакро резонад?
Мастура, н. Рӯдакӣ.
Посух
Одатан кирмҳои майда дар атрофи мақъад ҷамъ шуда, хоришро ба вуҷуд меоранд ва кӯдаконро беқарор месозанд. Сабабаш дар бисёр хӯрдани қанду ширинӣ ва шустушӯ кардан дар обҳои ифлос аст. Писарчаи шуморо, агар дар ҳақиқат чунин кирмҳо нороҳат мекарда бошанд, 5 маслиҳати моро иҷро кунед, Худо хоҳад, хуб мешавад.
- Ҳар шаб пеш аз хоб ба кӯдак қурут диҳед.
- Барги дарахти олуро кӯфта, оби онро бо воситаи қатрачакон ба мақъади кӯдак чаконед.
- Ҳар рӯз ба фарзандатон як дона сир-чеснок диҳед. Кӯдак мустақилона сирро хӯдан нахоҳад, онро ба хӯрокаш андозед.
- Донаҳои лимӯроо нарм кӯфта, бо камтар қанд ширин карда, субҳ пеш аз хӯрок ба бача хӯронед.
- Барги шафтолуро кӯфта, пахта ё як пора докаи тозаро дар оби он тар кунед ва дар мақъади кӯдак гузоред.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ