5 фоида ва 3 зарари турб
Турб барои иваз кардани норасоии витаминҳо ва намакҳои минералӣ дар бадан хеле муфид аст. Он хусусиятҳои қавии зиддимикробӣ дорад.
1. Турб ба системаи ҳозимаи инсон таъсири мусбат мерасонад. Истеъмоли он атеросклероз, варамҳо, дар пайдоиши сангҳо дар роҳҳои пешоб хеле фоиданок аст.
2. Глюкозидҳои талх ва равғанҳои эфирии хушбӯй, ки дар турб ҳаст, сангҳои роҳҳои пешобро майда карда мерезонанд.
3. Турб бронхитро бартараф мекунад! Барои давои бронхит, роҳи нафаси боло турбро бо асал омехта истеъмол мекунанд. Инчунин, шарбати он балғамро хориҷ мекунад.
4. Турб пайдо шудани талхаро зиёд мекунад, фаъолияти ғадудҳои ҳозимаро беҳтар мекунад, хусусияти антисклеротикӣ дорад. Ин хусусияти турб иштиҳоро кушода, атонияи рӯдаро табобат мекунад. 5. Турб ҳарорати баданро фароварда, сардиҳоро, ки аз ҳарорати пешбинишуда ба вуҷуд омадаанд, бартараф мекунад. Дар ин ҳолат ба оби турб камтар намак андохта нӯшидан фоида мебахшад. Инчунин, зидди инфексияҳое, ки ҳароратро мебардоранд, мубориза мебарад.
Ҳолатҳое, ки истеъмоли турб мумкин нест:
1. Илтиҳоби шадиди ҷигар, гурда ва баъзе бемориҳои меъдаю рӯда;
2. Дар вақти ҳомилагӣ;
3. Захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ