5 футболбози сердаромад дар соли 2018-2019 киҳоянд?

Футболбозон дар баробари шахсиятҳои машҳур буданашон инчунин нафарони сарватманд низ ҳастанд. Тибқи назарсанҷии сомонаи “Футбол-Фан” дар робита бо сомонаи “Форбс” муайян карда шуд, ки дар соли 2018-2019 кадом бозингарон дар садри сердаромадтаринҳои футбол қарор доранд.

Футболбозон дар баробари шахсиятҳои машҳур буданашон инчунин нафарони сарватманд низ ҳастанд. Тибқи назарсанҷии сомонаи “Футбол-Фан” дар робита бо сомонаи “Форбс”  муайян карда шуд, ки дар соли 2018-2019 кадом бозингарон дар садри сердаромадтаринҳои футбол қарор доранд.

Акнун мо панҷ нафар аз футболбозоне, ки дар ин мавсим даромади бештарро ба даст овардаанд, барои хонандагон шинос менамоем.

1.Лионел Месси (Аргентина)

Баръакси солҳои қабл имсол дар садри сердаромадтаринҳои сол ба ҷои Криштиано Лионел Мессии аргентинӣ қарор дорад. Ҳамлавари бомаҳорати дастаи каталонии Барселона Месси имсол тавонист дар умум 111 млн. доллар ба даст орад. Аз ин миқдор маблағи ба даст омада 84 млн. доллар маоши яксолаи бозингар ва 27 млн. аз ҳисоби рекламаҳо ба буҷаи бозингар ворид гаштааст. Ширкатҳои тиҷоратие, ки бо Месси шартномаи ҳамкорӣ доранд, инҳо мебошанд: Adidas, Gatorade, Pepsi, Ooredoo, Huawei, Hawkers ва Lays.

Дар ҳоли ҳозир сармояи умумии ин бозингар тибқи иттилои  сомонаи «Форбс» 350-400 млн. тахмин карда мешавад, шояд сармояи Месси бештар аз ин тахминҳо бошад, вале инро танҳо Лео медонаду халос.

2. Криштиану Роналдо (Партугалия)

Дар ҷои дуюми раддабандӣ нобиғаи португалӣ, бозингари беҳамто Криштиану Роналдо қарор дорад. Даромади яксолаи Роналдо дар дастаи туринии Ювентуси Италия тибқи хабарҳои сомонаи «Форбс»  108 млн. доллар рақам зада мешавад. Даромади асосии бозингар тибқи иттилои ин сомона 61 млн. аз ҳисоби маошу мукофотпулӣ ва 41 млн. аз ҳисоби рекламаҳо ба ҳисоб мераванд. То гузариши Роналдо ба Ювентус бозингари сердаромадтарини «Алянс Стэдиум» ҳамлавар Гонсало Игуаин бо маоши 16 млн. доллар садрнишини ҷадвали дастаи Турини ба ҳисоб мерафт. Ҳоло бошад, аз ҳама маоши баландтаринро дар ин даста маҳз Криштиано ба даст меорад, ки дар як сол 34 млн. долларро ташкил медиҳад.

Дар байни футболбозони сайёра аз ҷиҳати даромад аз ҳисоби реклама маҳз Роналдо дар ҷойи аввал қарор дорад. Даромади яксолаи бозингар аз ҳисоби реклама 41 млн. ташкил дода, аз ширкатҳои бонуфузи тиҷоратӣ,  мисоли Herbalife, EA Sports, American Tourister,Nike ба даст меоянд. Бозингари португалӣ дар баробари футболбози муваффақ буданаш, инчунин дар соҳаи бизнес ҳам комёбиҳои зиёд дорад. Аз  ҷумла, ӯ соҳиби ташкилоти CR7 буда, ҳамасола аз ин ширкат 30 млн. фоидаи соф ба даст меорад. Инчунин, Роналдо машҳуртарин варзишгари сайтҳои иҷтимоӣ буда, барои ҷой додани як реклама дар саҳифаи хусусиаш 1 млн. доллар маблағ фоида мегирад. Ҳоло сармояи умумии Роналдо 450 млн. долларро ташкил дода, баъд аз Девед Бекхам сарвадмандтарин футболбози сайёра дар тамоми давру замон ба ҳисоб меравад.

3. Неймар (Бразилия)

Неймар Ҷуниор гаронарзиштарин бозингари сайёра дар таърихи футбол ҷои сеюми раддабандиро сабти номи хеш кардааст. Моҳи августи соли 2017 Наймар бо маблағи рекордии 220 млн. доллар аз Барселона ба Пари Сен-Жермен гузариш намуд. Бозингари бразилӣ дар як сол 54 миллион доллар фоида ба даст овард, ки аз ин миқдор 37 млн. доллар аз ҳисоби маош ва 17 млн. аз ҳособи реклама буҷаи бозингарро ғанӣ намуд.

Ширкатҳои рекламадиҳие, ки бо Наймар ҳамкорӣ мекунанд, инҳо мебошанд: Nike, Red Bull, Gillette, McDonalds ва Beats by Dre. Чуноне дар боло ҳам зикр кардем,  Неймар аз ҳисоби реклама 17 млн доллар ба даст меорад ва ин миқдор маблағ аз ҳисоби реклама байни лиганерҳои бразилӣ бесобиқа унвон мешавад. Тибқи гузориши сомонаи “Форбс”, сармояи умумии Неймар 250 млн. долларро ташкил медиҳад.

4. Гарет Бейл (Уэлс)

Солҳои 2018-2019 барои бозингари Уэлсии дастаи шоҳонаи “Реал Мадрид” Гарет Бейл на он қадар соли бобарор буд, зеро дар ин мавсим Гарет аксар маврид аз ҳайати захиравӣ ба майдон меомад. Аммо ба майдон набаромаданҳо монеаи даромади ин бозингари бомаҳорат шуда натавонист. Дар ин мавсим дромади умумии Бейл 35 млн. буда аз ин миқдор маблағ 29 млн. доллар маош ва 6 млн. аз ҳисоби рекламҳо фоидаи бозингарро ташкил медоданд. Айни замон сармояи умумии Гарет 115 млн. доллар буда, инчунин ӯ дорои ҳавопаймои хусусӣ ва якчанд майдонҳои Голфбозиниз мебошад.

5. Пол Погба (Фаронса)

Ҳамлавари Фаронсавии “Манчестер Юнайтед” Пол Погба дар раддабандии сомонаи “Форбс” ҷойи панҷумро байни сердаромадтаринҳои футбол дар мавсими 2018-2019 сабти номи хеш кардааст. Даромади софи Погба дар ин мавсим 29, 5 млн. долларро ташкил дода, аз ин миқдор 25 млн. маош ва 4,5 млн. доллар аз ҳисоби рекламаҳо футболбоз ба даст овардааст.

Сармояи умумии ин ҳамлагар 100 млн. доллар буда, байни топ бозингарон дар ҷои ҳафтум қарор дорад. Инчунин Погба бо ширкати маъруфи “Adidas”, ки лавозимоти варзиши истеҳсол мекунад, шартномаи 10 — сола дорад ва доромади бештараш аз ҳисоби реклама маҳз аз ҳисоби ҳамин ширкат ба ҳисоб меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *