5 медали варзишгарони тоҷик аз Италия
Аз 8 то 16 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Турини Италия Бозиҳои зимистонаи Олимпии махсуси умумиҷаҳонӣ баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа тарбиятгирандагони мактаб-интернати рақами 2-и шаҳри Душанбе бо натиҷаҳои назаррас баромад карданд.
Насибахон Маҳмадова ва Фаришта Мерганова соҳиби медалҳои тилло, Равшан Ятимов ва Имомназар Тавакалов бо медалҳои нуқра ва Меҳробиддин Таваккалов бо мед али биринҷӣ сарфароз шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ