5 меваи муфид барои кӯдакон
Барои он ки кӯдак хуб рушд кунад, барои организмаш витамину минераҳои зиёде лозиманд. Қисми зиёди ин витамину минералҳо маҳз дар таркиби меваю сабзавот мавҷуданд. Ҳоло ки фасли тобистон аст, аксари меваҳо пухта расидаанд. Бинобар ин, бачаҳо бояд ҳарчи бештар меваю сабзавоти тару тоза хӯранд. Мо ба шумо дар бораи фоидаи баъзе меваҳо ба кӯдакон маълумот медиҳем.
Себ
Себ аз витаминҳои гурӯҳи В ва С бой аст. Бар замми ин, дар таркибаш пектин ва клетчатка дорад. Туфайли ҳамин хусусиятҳои муфидаш себ моддаҳои зарароварро аз организми инсон бароварда, барои кори бонизоми меъдаву рӯда кумак мерасонад. Себ иштиҳоро мекушояд. Хӯрдани себ махсусан ба кӯдакон фоидаи бисёр дорад. Дар пӯсти себ моддаҳое мавҷуданд, ки барои ба осонӣ дандон баровардани кӯдак ёрӣ мерасонанд. Ба модарон тавсия медиҳем, ки вақте тифлакашон ба дандонбарорӣ сар кард, себро бо пӯсташ қимма карда ба кӯдак диҳанд.
Банан
Меваи аз ҳама безарар ва фоиданок банан мебошад. Онро ҳатто ба кӯдакони ширмак низ додан мумкин аст. Банан аз оҳан, магний, калий бой буда, асабро ором месозад ва ба кӯдак шодию нишот мебахшад. Олимон исбот намудаанд, ки хӯрдани банан ба коркарди эндорфин дар ҷисми кӯдакон ёрӣ мерасонад. Фақат ба кӯдаконе, ки фарбеҳанд, камтар банан додан лозим аст.
Афлесун
Афлесун (апелсин) барои пурқувват шудани системаи муҳофизатии организми кӯдак, яъне иммунитет ёрӣ мерасонад. Ин меваи хушбӯй ва лазиз авитаминозро бартараф намуда, дар мубориза бо бемориҳои сироятӣ сипари фарзанди шумо хоҳад гашт. Фақат онро хеле эҳтиёткорона ба бачаҳои хурдсол додан лозим аст, чунки аксари кӯдакон ба меваҳои ситрусӣ, аз ҷумла ба апелсин ҳассосият — аллергия доранд.
Нок
Таркиби нок аз витаминҳои гурӯҳи В, кислотаи аскорбин, калтсий, натрий ва оҳан бой буда, бар замми ин, клетчатка дорад. Бо шарофати ҳамин моддаҳои муфидаш хӯрдани нок ба кори бонизоми меъда ёрӣ мерасонад. Шумо метавонед нокро шуста ба фарзандонатон диҳед ё аз он компот ва сок тайёр кунед.
Зардолу
Дар байни мардум ақидае вуҷуд дорад, ки ба кӯдакон ба ҳеҷ ваҷҳ зардолу додан мумкин нест, чунки шикамрав мекунад, вале дар асл ин меваи бомазза аз пектин ва фосфор бой аст. Туфайли ҳамин моддаҳо зардолу ба ҷараёни регенератсияи ҳуҷайраҳо ёрӣ расонида, кори ғадуди зери меъдаро ба низом медарорад ва иммунитетро пурқувват месозад.
Таъкид:
— дар додани мевагӣ ба тифлакони то яксола бояд хеле эҳтиёт намуд, чунки баъзе меваҳо боиси шикамравӣ шуда метавонад;
— назорат кунед, ки кӯдакон меваҳоро шуста истеъмол кунанд, то ки заҳролуд нашаванд.
5 манфиати шиноварӣ
1. Оризаи байни дискҳои сутунмуҳраро шифо мебахшад.
2. Бемориҳои буғумҳоро табобат мекунад.
3. Ҳаракатҳои нарм дар об бофтаҳои пеш аз буғумро масҳ мекунанд. Он ҷараёни лимфаро беҳтар карда, варами буғумҳоро коҳиш медиҳад. Бозсозии бофтаҳоро таъмин ва мушакҳои осебдидаро ором мекунад.
4. Асабониятро шифо мебахшад.
5. Дар зери таъсири ҳарорати об равандҳои ҳаяҷонбахши системаи асабро танзим мекунад. Аз ин рӯ, гардиши хун дар майна беҳтар мешавад. Хастагӣ бартараф шуда, хотира ва диққат беҳтар мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ