5-муҳоҷир дастгир шуд (Видео)

Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳи Шербинкаи Маскав барои ҳар кадом аз 5 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз замони занозании хунини моҳи майи соли 2016 дар оромгоҳи Ховангское дар боздошт қарор доранд, сеюним сол ҳукми зиндон талаб кард.

Ҷомӣ Чақалов, Диловар Юнусов, Раҳмиддин Садриддинов, Шоймардон Аҳмадов ва Ҳоҷиқурбон Бӯриев дар додгоҳ гуфтаанд, ки ягон гуноҳ надоранд, балки фақат аз ҷони худ ҳимоят мекарданд.

Ин 5 муҳоҷири тоҷик, ки қариб якуним сол боз дар боздошт қарор доранд, ҳама аз шаҳри Роғун ва минтақаи Обигарми ноҳияи Файзобод буда, дар Маскав дар оромгоҳи Хованское кор мекарданд. Онҳо дар додгоҳ гуфтанд, ки рӯзи 14 майи соли 2016 мудири нави оромгоҳи Хованское Юрий Чабуев барои аз инҷо рондани мардикорони тоҷик беш аз 100 нафари мусаллаҳ аз як гурӯҳи ҷиноиро киро карда буд ва онҳо маҷбур шуданд, ки ба ҳимоят аз худ чӯбу санг ба даст бигиранд.

Рӯзи 14 майи соли 2016 дар қабристони Хованское байни коргарони тоҷики ин оромгоҳ ва як гурӯҳи мусаллаҳ ба раҳбарии Юрий Чабуев, мудири нави ин қабристон ва Александр Бочарников ва Георгий Макарев, аз раҳбарони созмони «Здоровая нация» занозании шадиде сурат гирифт, ки бар асари он се муҳоҷири тоҷик — Сӯҳроб Хушакови 22-сола, Иноят Ризоеви 39-сола ва Сайнуриддин Собирови 42-сола — кушта ва беш аз 30 тани дигар, низ аксар тоҷикҳо захмӣ шуданд. Ин занозанӣ бо ширкати аз 200 то 400 нафар ҳамагӣ як моҳ баъд аз мудири қабристони Хованское таъйин шудани Юрий Чабуев рух дод.

Мақомоти тафтишотии Русия низ бегуноҳ будани ин мардикорони тоҷики бечора ва бепуштупаноҳро дарк мекунанд. Айбдоркунандаи давлатӣ Людмила Баландина рӯзи 6 декабр ба хабаргузории ТАСС гуфт, тафтишот далелҳои кофӣ барои исботи инки ин муҳоҷирон «бо маслиҳати пешакӣ” амал карда, гӯё «беасос” молу мулки ғайрро хароб ва ба афроди дигар осеби ҷисмонӣ расонда бошанд, ҷамъ оварда натавонист. Людмила Баландина гуфт, хулосаи тафтишот дар мавриди «бо маслиҳати пешакӣ” ба ҷониби дигар ҳамла кардани муҳоҷирони тоҷик дар оромгоҳи Хованское бо натиҷаҳои ташхисот зиддият дорад.

Айбдоркунандаи давлатӣ Людмила Баландина ба ин далел рӯзи 6 декабр аз додгоҳи Шербинка хост, то айбномаи зидди ин 5 муҳоҷирро сабуктар карда, иттиҳомоти подарҳавое, чун барқасдона хароб кардани молу мулки ғайр, ҳамчунин ду мавриди қасдан расондани осеби ҷисмонӣ дар заминаи адовати қавмиву диниро аз айбномаи онҳо бардоранд. Ҳамчунин бо дархости айбдоркунанда иттиҳоми «авбошии гурӯҳӣ бо маслиҳати пешакӣ” аз айбномаи ин 5 муҳоҷири тоҷик ба «авбошӣ бо истифода аз ашёе, ки ҳамчун силоҳ истифода шудааст” иваз карда шуд.

Бо ин вуҷуд Людмила Баландина аз додгоҳ барои ҳар кадом аз ин 5 муҳоҷир — Ҷомӣ Чақалов, Диловар Юнусов, Раҳмиддин Садриддинов, Шоймардон Аҳмадов ва Ҳоҷиқурбон Бӯриев– сеюнимсолӣ ҳукми зиндон талаб кардааст.

Аммо мардикорони тоҷик мегӯянд, ки онҳоро бегуноҳ ҷазо дода истодаанд ва гунаҳкорони аслӣ ҷониби дигари он занозании хунин ба раҳбарии мудири оромгоҳ Юрий Чабуев мебошанд.

Тафтиши парвандаи гурӯҳи Юрий Чабуев ва 16 тан аз шарикони ӯро Кумитаи тафтишоти Русия рӯзи 1 октябр анҷом дод ва ба додгоҳ супурд. Хулосаи асосии тафтишот ин аст, ки ҳадафи мудири оромгоҳ Юрий Чабуев ва шариконаш аз ин занозанӣ, ки боиси ҳалокати се тоҷик ва ҷароҳат бардоштани беш аз 30 тани дигар шуд, аз ин оромгоҳ рондани муҳоҷирони тоҷик буд.

Ба ин 17 нафар акнун танҳо бар асоси моддаи 212-уми Кодекси ҷиноятии Русия то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Тафтишот мудири собиқи қабристон Юрий Чабуев(ДАР АКС) ва яке аз муассисони созмони ҷамъиятии «Здоровая нация»Александр Бочарниковро ташкилкунандагони асосии ҳамлаи хунин ба муҳоҷирони тоҷик дар қабристони Хованское ном мебарад. Муфаттишон ба хулосае омадаанд, ки «Чабуев ва Бочарников ин бетартибиҳои оммавиро бо мақсади зӯран аз қаламрави қабристон танг кардани муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ташкил кардаанд.”

Дар ҷараёни тафтишот Сергей Улихин гуноҳи худро пурра ба гардан гирифта, ба зидди шариконаш баёнот додааст. Колесников қисман гунаҳкор буданашро эътироф кардааст.

Дар қабристони Хованское беш аз 200 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, аксар аз Оби гарм ва Файзобод ба корҳое, чун рӯбучину тоза кардани мазорҳо, сангтарошӣ ва кандани қабр машғул буданд. Онҳо мегӯянд, Чабуев баъди ба даст гирифтани раҳбарии қабристон як гурӯҳи раҳзан аз созмони «Здоровая нация»-ро киро карда, аз коргарони тоҷик талаб кардааст, ки аз ин ба баъд бояд нархи хидматҳои худро боло бардошта, ба ӯ ҳар моҳ «ҳаққ”-и зиёдтар супоранд.

Коргарони тоҷики қабристон мегуфтанд, ки нафарони Чабуев рӯзи 14 май бо аслиҳа вориди қабристон шуда, билофосила ба латукӯби тоҷикҳо ва тирпарронӣ сар карданд. Коргарони тоҷик ноилоҷ барои дифоъ аз худ асбоби кориашон, ба мисли белро ба даст гирифта, ба роҳзанҳо муқовимат нишон додаанд.

Гурӯҳи роҳзан, ки чунин муқовимати мардикорони тоҷик барояшон ғайричашмдошт буд, рӯ ба гурез овард. Ду муҳоҷири тоҷик зери чархи мошине яке аз роҳзанҳое, ки бо шитоб фирор мекард, ҳалок шуданд. Як муҳоҷири дигарро раҳзанҳо дар дохили қабристон парронданд.

Дар пайи ин занозанӣ пулиси Маскав беш аз 110 нафарро дастгир кард. Аз ин шумор 7 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Русия ихроҷ карда, 15 тани дигар ба ҳабси маъмурӣ маҳкум шуданд ва ба зидди 5 нафари онҳо парвандаи ҷиноятӣ кушоданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *