5-муҳоҷири тоҷикро ба додгоҳ кашиданд

Рӯзи 29 август дар додгоҳи Шербинкаи шаҳри Маскав муҳокимаи парвандаи 5 шаҳрванди Тоҷикистон дар робита ба занозании як сол пеш дар оромгоҳи Хованское оғоз меёбад. Зодагони Роғун Ҷомӣ Чақалов, Диловар Юнусов, Раҳмиддин Садриддинов, Шоимардон Аҳмадов ва Ҳоҷиқурбон Бӯриев ба расондани осеби ҷисмонӣ ва авбошӣ айбдор мешаванд.

Додгоҳи Шербинка рӯзи 29 август ба муҳокимаи парвандаи занозании пурқурбонӣ дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав шурӯъ мекунад. 5 зодаи шаҳри Роғун — Ҷомӣ Чақалов, Диловар Юнусов, Раҳмиддин Садриддинов, Шоимардон Аҳмадов ва Ҳоҷиқурбон Бӯриев — нахустин нафаронеанд, ки дар робита ба он занозанӣ ба додгоҳ эҳзор мешаванд.

Парвандаи ин 5 нафар рӯзи 18 август ба додгоҳ ирсол шуд. Ирина Волк, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, тафтишот нишон дод, ки ин муҳоҷирони тоҷик дар рафти занозании рӯзи 14 майи соли 2016 дар оромгоҳи Хованское «чанд нафарро латукӯб карда, чанд мошини дар назди оромгоҳ истодаро осеб расондаанд.” Ба зидди онҳо бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноятии Русия – қисми дуюми моддаи 115 (қасдан расондани осеби сабуки ҷисмонӣ аз ҳиссиёти авбошӣ), қисми дуюми моддаи 167 (қасдан нобуд ё хароб кардани молумулк аз ҳиссиёти авбошӣ) ва қисми дуюми моддаи 213 (авбошии гурӯҳӣ бо маслиҳати пешакӣ) айбнома эълон кардаанд.

Рӯзи 14 майи соли 2016 дар қабристони Хованское байни коргарони тоҷики ин оромгоҳ ва як гурӯҳи мусаллаҳ ба раҳбарии Юрий Чабуев, мудири нави ин қабристон ва Александр Бочарников ва Георгий Макарев, аз раҳбарони созмони «Здоровая нация» занозании шадиде сурат гирифт, ки бар асари он се муҳоҷири тоҷик — Сӯҳроб Хушакови 22-сола, Иноят Ризоеви 39-сола ва Сайнуриддин Собирови 42-сола — кушта ва беш аз 30 тани дигар захмӣ шуданд. Ин занозанӣ бо ширкати аз 200 то 400 нафар ҳамагӣ як моҳ баъд аз мудири қабристони Хованское таъйин шудани Юрий Чабуев рух дод.

Дар қабристони Хованское беш аз 200 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, аксар аз Оби гарм ва Файзобод ба корҳое, чун рӯбучину тоза кардани мазорҳо, сангтарошӣ ва кандани қабр машғул буданд. Онҳо мегӯянд, Чабуев баъди ба даст гирифтани раҳбарии қабристон як гурӯҳи раҳзан аз созмони «Здоровая нация»-ро киро карда, аз коргарони тоҷик талаб кардааст, ки аз ин ба баъд бояд нархи хидматҳои худро боло бардошта, ба ӯ ҳар моҳ «ҳаққ”-и зиёдтар супоранд.

Коргарони тоҷики қабристон мегуфтанд, ки нафарони Чабуев рӯзи 14 май бо аслиҳа вориди қабристон шуда, билофосила ба латукӯби тоҷикҳо ва тирпарронӣ сар карданд. Коргарони тоҷик ноилоҷ барои дифоъ аз худ асбоби кориашон, ба мисли белро ба даст гирифта, ба роҳзанҳо муқовимат нишон додаанд.

Гурӯҳи роҳзан, ки чунин муқовимати мардикорони тоҷик барояшон ғайричашмдошт буд, рӯ ба гурез овард. Ду муҳоҷири тоҷик зери чархи мошине яке аз роҳзанҳое, ки бо шитоб фирор мекард, ҳалок шуданд. Як муҳоҷири дигарро раҳзанҳо дар дохили қабристон паррондаанд.

Дар пайи ин занозанӣ пулиси Маскав беш аз 110 нафарро дастгир кард. Аз ин шумор 7 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Русия ихроҷ карда, 15 тани дигар ба ҳабси маъмурӣ маҳкум шуданд.

То имрӯз бо иттиҳоми даст доштан дар ташкили занозанӣ дар қабристони Хованское 16 нафар, ҳамагӣ аз дастаи Юрий Чабуев ва шариконаш дар боздошт қарор доранд.

Моҳи март хулосаи тафтишот нисбат ба ҷониби дигари қазия – мудири қабристон Юрий Чабуев ва шариконаш нашр шуд. Раёсати тафтишоти шаҳри Маскав гуфт, ҳадаф аз ин занозанӣ рондани муҳоҷирони тоҷик аз оромгоҳи Хованское будааст: «Бино ба хулосаи тафтишот, Чабуев, Макарев ва Бочарников бетартибиҳои оммавиро дар қабристони Хованское бо ҳадафи бо зӯрӣ аз ин қабристон пеш кардани муҳоҷирони корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил кардаанд. Дар натиҷаи ин бетартибиҳо рӯзи 14 майи соли 2016 дар қабристони Хованское се шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуда, беш аз 30 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *