5 нӯшокии муфид барои дил

1. Об. Агар нокифоя бошад, хун ғафс мешавад ва дил зуд кор мекунад, ки боиси фишори он мегардад.

2. Чойи кабуд. Антиоксидантҳои дар таркиби он мавҷудбуда барои дил хеле муфиданд, онҳо хатари пайдоиши бемориҳои дилу рагҳоро пешгирӣ мекунанд. Он инчунин сатҳи холестиринро паст карда, пайдоиши лахтаҳои хунро пешгирӣ мекунад. Нӯшидани то се пиёла чойи сабз дар як рӯз фоидаовар аст.

3. Винои сурх. Он дорои моддаҳое мебошад, ки сатҳи холестирини хунро паст карда, пайдоиши лахтаҳои хунро пешгирӣ мекунад, метавонад сатҳи холестирини хубро зиёд кунад.

4. Шарбати анор. Он дорои полифенолҳо, антиоксидантҳои фаъоли табиӣ мебошад. Шарбати анорро мунтазам ва гоҳ-гоҳ нӯшидан хуб аст.

5. Қаҳва. Тибқи чанд пажӯҳиш, нӯшидани қаҳва хатари сактаи дил ва инсултро 20-40 дарсад коҳиш медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *